Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Охир вақтҳо Ҷамолиддин ба кори анбор, ки бештар банд буд, Мансур пахтаи колхозчиёнро баркашида ба дафтар менавишт. Пас он пахтаро дар хирман паҳну парешон мекард, то ки намаш парад. Ба мошини пахтатозакунӣ андох- та тоза мекард. Кӯракро ба як тараф тӯп мекард, атрофи хирманро об зада мерӯфт, ки сафедии як пахтаро намедидӣ. Бегоҳиҳо дар гӯшаи хирман ҳамроҳи Ҷамолиддин, ки риши сафеди чуссааш барин ғафс дорад, то як поси заб чой нӯшидаву суҳбат карда менишастанд.

Дар яке аз ҳамон шабҳо Ҷамолиддини мушоҳидакор аз ӯ гап гирифтанӣ шуд.
– Мансурбой, ватанатон деҳаи Фирӯзи Болою лаҳҷаи гуфторатон ба шаҳриҳо монанд, - гуфт.

Мансур пиёлаҳоро лабрези чой карда, зӯр задаю овозашро ҳамвор дошта бо мулоиматӣ гуфт:
– Дӯсти азиз, тухми одам парешон мегӯянд, рост. Падари ман дар солҳои аввали "урус-омад", яъне аз шаст сол ҳам зиёд шудааст, ки аз Самарқанд кӯчида ба ин тарафҳо меояд. Он замон ман кӯдаки як ё дусола будаам. Лекин, рост мегӯяд, лаҳҷаи гуфторамон ҳоло ҳам дигар нашудааст.

– Дар тақдири одам чӣ гапу корҳо намегузарад. Сарнавишти одам аҷиб, - гуфт Ҷамолиддин низ бо оҳанги мулоим. Лекин дигар пушти гапро накофт. Мансур, фикр кард, ки шояд мӯйсафед кию чӣ кас буданашро пай мебарад...

Дар он суҳбатҳо гоҳе бригадиру табелчӣ низ ҳамроҳ мешуданд. Баъзан сармуҳосиб ҳам меомад. Сармуҳосиб марди одамшаванда ва хушсуҳбат буд. Ба маҳфил дасти холӣ намеомад. Дастовез ё нон, ё қанд меовард. Суҳбаташон бештар аз боби пахтаи кадом замин хуб шудааст, кадом чинакчӣ бисёр чидааст, дар ноҳия кадом колхоз пешқадам будааст, мерафт. Сармуҳосиб аз хабарҳои дар газетаҳо дарҷшуда ва аз навигариҳои дар ноҳия рӯйдода мегуфт: Маҷлис дар бораи чӣ буд, кӣ маърӯзаи бамаънӣ ё бемаънӣ кард, аз кор киро гириф- танд, кӣ ба ҷояш омад ва ҳатман илова мекард: “Дар таъриф аз пештара инаш устотар барин”.

– Киро таъриф мекунанд? – мепурсид Мансури аз корҳо бехабар.
– Мана не, охир, – механдид сармуҳосиб. – Аз худашон калонтарҳоро таъриф мекунанд.

Ҳангоме ки мехестанд, бригадир нимшӯхию нимҷиддӣ карда мегуфт: “Бобои Мансур, занҳои бева дар наздатон. Ҳар рӯз бо баҳонаи халтаи пахтаро аз сараш гирифтан хуб зеҳнашон мемонед, ягонта дилатон ҷаззӣ кардаро гӯед, розӣ карданаш тани ман.”

Сармуҳосиб изофа мекард: “Шавҳардораш бошад ҳам, ишора кунед. Шавҳарашро розӣ мекунем, ки занаш ба шумо супорад.” Мансур, “ман куҷою зан куҷо” гуфта механдид.

Боре баъди чунин суҳбат Мансур духтари кенчагии Низом-махдум Садафро ёд кард. Модараш Ҳабиба гуфт, ки ҳамин духтарро худатон гиред. Вай аз аламаш ин суханро гуфт. Дар он лаҳза агар Мансур розӣгӣ медод ин кор шуданаш мумкин буд. Лекин ин кори бенамуд мешуд. Як духтари ҳабдаҳсоларо ба марди ришсафед диҳанд. Садаф ба ин кор чӣ гуна нигоҳ мекард? Албатта бо нафрат.

пешина
аз 613
навбатӣ