Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Зан пои бараҳна зинаҳоро фуромад; раҳораҳ пероҳани сафеди беостинашро боло бардоштаю турсукашро поён карда, онсӯтар аз Мансур дар ҷӯйе, ки ба ҷуворӣ об мерафт, шишта пешоб кард. Мегӯӣ, аз шаршараи вайрона об мерезад. Мансур нафасашро ба дарун дошт. Дар дил ба азизу авлиёи Самарқанд зорӣ мекард, ки чашми кофирзанро кӯр гардонанд. Ва аз афташ каромот карданд, ки зан ӯро надид. Ҳамчунон раҳораҳ дунбаи сафедашро ба фурча хоридаю пӯшонда, зинаҳоро баромада, ба ханда ҷониби шавҳарас чизе гуфта, ба хона даромад.
Ғӯладинг фақат турсӣ дорад, пои бараҳна зинаҳоро фуромад, дар ҷоие, ки зан нишаста буд, нигоҳаш ба тамошои осмони пурситора, рост истода шоша кард. Мардинаашро ба даст гирифтааст: гимезаш (чакрааш) қариб ба Мансур мерасад. «Либосамро бенамоз мекунӣ, зангар!» Мансур дами кордро боло гардонда, ба як ҷаҳиш худро ба Ғӯладинг расонд. Ва ҳамоно гармии хунро дар дасту панҷаҳояш ҳис кард. Ғӯладинг овози пасте бароварду яктарафа хам шуд, ки Мансур аз китфаш дошта, даруни ҷӯйбор болои либосҳои пештар нишастааш хобонд ва корду панҷаҳояшро дар турсукаш пок кард, пас ҷониби пушти хона тоб хӯрда, аз девори пасти танӯрхона худро берун гирифт.
-
Ҳе, онаи зори ту муштамзӯра... Авлоди ту душманбачаанд.... Саидақбар, аз ақибаш дор, ман мезанам! - Сафари бародари Ҷаббор (ӯро барои қади дарозаш Сафари рабохун ҳам мегӯянд) бо як ҷавони кулчарӯ, ки Ҷовид ӯро намешиносад, дар кӯча пеши роҳи ӯро гирифта, таги мушту лагат мегиранд. Ҳоло дар тани Сафар он чомаи бенури дароз нест, куртаи аскарӣ дорад. Яқин кӯҳнаколои Сангов аст. Кулчарӯ аз оқиб доштаасту аз вай бӯйи доруи дуст меояд. Амаки Мирзоумед ин гуна доруро ба гӯсфандҳояшон мезаданд. Мегуфтанд, ки канаро мерезонад. Сафар бо мушт ба сару рӯяш мезанад. Ҷовид рӯяшро бо панҷаҳояш пӯшондааст. Кулчарӯ ҳам муште ба паҳлӯяш кӯфт, ки Ҷовид ба замин афтид. Мушташ оҳан барин. Қариб дамаш ба дарун мезад.
-
Ҳоло ҳамаи авлоди одамкушатро нест мекунам! - ҳайбата мекунад Сафар. - Замоне, ки барои шумоён гандум медаравидем, гузашт! Замони асптозиҳотон гузашт! Акаи Холбек дар чор тараф одам мондааст. Пагоҳ-фардо падари гурезаатро дошта, дар байни халқ ба дор мекашад.
Ин занукӯб ду дақиқа давом мекунад. Умарбек пайдо шуда, ӯро аз чангашон мерахонад.
-
Чӣ шуд? Чаро ин кӯдакро мезанед? - Умарбек Сафарро доштанӣ мешавад, ки вай ақиб меравад.
-
Падараш бародарамро кушт, ман инро мекунам! Хун ба хун, - гуфт Сафар.
-
Кӣ гуфт? Ҳанӯз аниқ нест, ки бародаратро кӣ куштааст? Гап-гап аст, ки ба падарат тую ман кардаанду падарат корд задааст. Ҳоло ҳарду аракхӯр-ку!
-
Гапи дурӯғ! Аз ҷойи хобаш «раис дар берун интизор!» гуфта, кашола карда мебарорад ва дарро аз берун занҷир мекунад. Дар рӯйи ҳавлӣ ду корд мезанаду пас сарро бурида, болои шикамаш мегузорад. Ман писарашро ҳамин хел сар мебурам!
Умарбек намоишкорона аз миёнаш корд мекашад, ки бачаҳо мегурезанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё