Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

– Худаш гапи аспро баровард! Чунин тақалбозиҳо дар каллаи ҳаминхост!
– Боз мегӯянд, ки русҳо одамони рост,- нигоҳи Бибигул ба яккамех андармон шуд: - Бачаи бечора чӣ қадар орзу дошт? Шаб хоб нарафтааст. Ними шаб хеста банди алафро дар оби чӯй тар кард, бурда ба охури асп партофт. Соате гузашту бароварда ба яккамех басту хуб хору мол кард. Баробари кафидани чашми рӯз йемашро дод. Пас дар дег об андохта, чӯшонд, як каллақанду як қуттӣ чойро андохт, хунук карда назди асп бурда то хӯрданаш истод, ки нарезонад.
– Аз хестанаш хабар дорам, чой додааст, майлаш. Чой нафаси аспро мекушояд.- Мансур хеста рӯйи ҳавлӣ чарх зад. - Худам чӣ қадар вақту заҳмат ба ӯ сарф кардам. То як кам сӣ килло йем хӯрданаша баровардам, баркашида медодам. Рӯзи аввали аз туллак баровардан ба вай мисли кӯдаки навроҳгард муносибат мекардам: даҳ қадам burdam. Рӯзи дувум бист қадам. Дар саворӣ кардану тозондан ҳам аҳвол чунин буд. То чарбуи дарунаш намонад, хуб ба тоб овардам, ки писарам дилпур бузкашӣ кунад.
Бибигул чи гуфтанашро надониста, чашм ба рӯйи шавҳараш дӯхта буд.
Мансур ҷониби писари кенчааш Ҷовид, ки назди дар меистод, нигаристу ба шиддат афзуд:
– Тобистон дар Ҷизах мардум шӯриш бардошта, қариб панҷоҳ нафар чунин ҳаромхӯрҳоро теғу таёк заданд. Вақте расидааст, ки самарқандӣҳо ҳам шӯриш бардоранд.
– Баҳодур, ин гуна суханҳои куфрро нагӯед, худатону моро дар бало намонед,- гуфт Бибигул (дар ин музофот раст аст, ки шавҳарро ба номи фарзанди калонӣ ё «додош» ном мегиранд).
Дере нагузашта Баҳодур аз хона баромада, ба куҷое рафт. Мансур низ ҷониби Чукурбозор, ки он ҷо дӯкон дорад, роҳ гирифт. Ҳангоми аз зинаҳо фуромадан чашмаш ба дарвозаи кушодаи Намозбойи ҳамсояашон афтод. Он ҷо низ ду нафар қоғазу қалам дар даст ба соҳибхона бо овози баланд баҳсу муноқиша доштанд. Намозбой тамоми овозашро cap дода мегуфт: «Як писарама касалӣ карда овардед. Акнун мехоҳед инаша бурда нобуд кунед?! Аз фарзанди бародарам як сол шуд хату хабаре нест! Ин халк ду сол шуд чигархун аст! Ҷангат мефорад, худат кун! Чи гуфта мана ба ҷангат ҳамроҳ мекунӣ!?»
Он тарафтар, аз хонаи Абдурашиди рангрез (занаш ҷияни Мансур аст) ҳам овози дашному гиря меояд. Маълум, ки писари ӯро низ ба хизмат номнавис мекунанд. Дақиқае гузашту овози Намозбой аз аввала ҳам баландтар шуд: «Ҳоӣ худи урусҳо ҷанга партофта хона ба хона мерафтаанд. Мегуфтаанд, ки барои подшоҳу атрофиёнаш шуда худамона сари тир намекунем». Мансур фикр кард, ки дар ин рӯзҳо чӣ қадар оилаҳо ҳоли онҳоро доранд. Ӯ бегоҳӣ барвақттар аз кор омада, ҷониби занаш, ки ҷорӯб дар даст ҳавлӣ мерӯфт, бо заҳрханда гуфт:
– Он уруси бадбахт аз Абдурашид пул гирифтаю писараша ҷавоб додааст. Аспи Зарифи поҳлавонро ҳам гирифтанӣ шудааст, ки надодааст. Писарро гурезонда ёбу гир гуфтааст.
– Додош, ҳамуна фикраша накунед,-гуфт Бибигул.-Падаратона хабар гиред. Имрӯз аҳволашон беҳтар барин.

пешина
аз 613
навбатӣ