Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Як муддат дар Бухоро ҳамроҳ будем. Хона хариданашонро намедонистанд, беҳтар буд. Ин ҷо чӣ гапҳо?

  • Ин ҷо ба ҷои кумитаи инқилоб шӯрои маҳалла таъсис доданд. Ҳоло гапу ҳарф дар дасти шӯроҳо. Чор-панҷ пойлуче, ки аскари сурхо омада калони хашон монда буд, шӯро ҳамонҳо. Корашон дӯғу даранг кардану ҷамъ шуда арак хӯрдан. Арак хӯрда, катагӣ мекунанд, мисле ки кори шоён кардаанд. Мардум рафторашонро дида аз ҳукумати шӯро дилхунук шудааст.

  • Нурмуҳаммади писари Файзмуҳаммад нағз шуд? — пурсид Мансур.

  • Вай бечораро худашон шаҳр бурда дар кадом беморхонае хобонда, сиҳат карданд, пас суд карда, шаш сол доданд. Хаташ аз кадом шаҳри Қазоқистон омадааст.

Мансур бо андоми гирифта муддате хомӯш монд. Аз афташ он рӯзҳои сиёҳи гузашта пеши назараш омаданд. Пас бо овози гирифта пурсид:

  • Аз Нуралӣ ё Мавлонбой дарак нашуд?

  • Не, дарак нест. Ду рӯз пеш Толиби писари Олимбой бо аскари сурхе, ки гӯё шинос будаанд, омада буд. Ҳама чизи онҳоро ҳам гирифта буданд. Аспаша дар дасти Сангов дида кашида гирифтааст. Гуфтааст, ки чизу чораамро аз хонанам бурдед... Асп ба худам ҳам даркор. Як шаб хоб рафта, ба модараш, баъдтар омада шумоёнро мебарам гуфта, рафтааст. Вай ҷавони бахуш, роҳаша меёбад. Алҳол ҳамин гуна гапу корҳо. Худатон куҷоҳо гаштед?

  • Дар ин музофот ҷойи нагаштаам намонд. Ба Бухорои исломии худамон рафтам, ки тасалҳо ёбам. Вале давлати исломиро чандин маротиба бадтару абтар ёфтам.

  • Ин ҷо ҳам овозаҳо омаданд, — гуфт Умарбек: — Амир бисёр одамонро ба сабабе, ки ба ҷадидҳо ҳамроҳ будаанд, қатл кардааст.

Онҳо боз аз ину он суҳбат карданду Мансур гуфт:

  • Қудо, ман ба инҳо душман шудам. Лекин ба шумо маслиҳати дӯстона ҳамин, ки ба ҳамонҳое, ки ҳукумат мекунанд, забон ёбеду зиндагиатонро пеш баред.- Мансур ҷониби дар назар андохту афзуд.:- Корҳои хуби ҳукуматро бай- ни мардум таблиғ кунед. Ба гӯшашон мерасаду шуморо одами худӣ мегӯянд, шарики корҳошон мекунанд. -Ва суҳбатро қатъ карда хест.-Мо бояд равем.

  • Ақаллан нагуфтед, ки куҷо меравед? Чӣ ният доред?-Умарбек аз тез хе- стани Мансур ҳайрон шуд.

  • Амак, ман ҳамроҳи додом меравам,-хабар дод Ҷовид.

  • Аллакай маслиҳатро пазондед?- Умарбек ба суханоҳонаш оҳанги шухӣ дод.

  • Дар замини Самарқанд дигар роҳамон намедиҳанд,- гуфт Мансур ва ба оҳанги дигар афзуд: - Дар хона каме либосвориҳои қимат буд, анҷомҳое, ки барои хонадоршавии Баҳодур тайёр карда будем ва ороишиҳои занона. Рӯзӣ омади урус ҳамаро дар сандуқ ҷой карда, зери девори каҳдон. таги чӯбу тахтаҳо паноҳ карда будем. Агар баъди як сол аз мо дарак нашуд, онҳоро гирифта, ис- тифода кунед. Ман розӣ.

  • Мансурбой, ин гапро нагӯед, моли ҳар кас ба худаш насиб кунад,-гуфт Умарбек.- Дар ин замона дигар ороиш ҳам ба дилат наменишинад.

пешина
аз 613
навбатӣ