Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар саруруи мард гарди роҳ нишастааст. Худро хурсанд вонамуд кунад ҳам, дар қаъри чашмони зебояш осори ғаму андӯҳ аён аст.
– Аз Самарқанд баромадед? – пурсид Мансур.
– Аз Ургут меоем. Як сол зиёд шуд, ки аз Ҳӯқанд ба ин ҷо назди ошноҳо омада будем. Ният доштам, то яктарафа шудани балвои болшевик тавакқуф мекунему пас ба ватан бармегардем, ки ин оташ рӯз ба рӯз алангааш бештару бештар шуд. Ночор роҳи Бухороро пеш гирифтем.
– Бахтатон баланд карда шудааст, ки раҳо шудаед, – гуфт Мансур. – Лекин Бухоро ҳам чандон ором нест.
– Бухоро тобеи Русия не-ку. Бухоро амир дорад, аскар дорад. Фуқарояро ҳимоя мекардагист.
– Кошкӣ ҳамту мешуд, – гуфт Мансур. – Ҳама фирориҳоро ҳамин андеша ба Бухоро накашад.
– Бухороро дорулмулк, қуббат-ул-ислом мегӯянд, – афзуд мард. – Солҳои пеш ҳам Николай-пошо Тошканду Самарқанд, он тараф то водии Фарғонаро гирифту фикри тасарруфи Бухороро накард. Яқин медонист, ки он ҷо макони бузургони дин, ватани муллою мударрисҳост, рӯйи хотир кард.
– Рӯйи хотир кард! – Мансур лабханд кард. – Андешаи бештари мардуми нодони мо ҳамин гуна содалавҳона аст.
– Андешаи шумо чӣ гуна аст?
– Дар айни замон гапи амири Бухоро ҳам аз урусҳо гурехтааст, – Мансур оҳанги суханашро ҳарчӣ дӯстона кард. – Ман ҳам пеш шумо барин фикр мекардам. Ду сол боз равуо карда Бухороро мисли кабӯтари дубома дидам. Он ҷо роҳу равиши давлатдориро консулҳои Русия муайян мекунад. Амир Олимхон ҳаққи аз сухани онҳо берун шудан надорад. Балки кабӯтари себома. Дар баъзе мавридҳо уламо ҳам гапи худро мегузаронанд. Дигар ин ки, ба назарам, аз раърияти манғитӣ будан, раърияти давлати рус бошӣ, беҳтар аст. Русҳои пешомада одамони назарбаланди хуб доштанд. Дар замони онҳо касе гуноҳ мекард, хоҳ бой-хоҳ камбағал, пурсиш буд...
Марди ҳӯқандӣ ба чабинаш гиреҳ андохта, рӯйи зин яктарафа нишаст, аз ҷайбаш носкаду гирифта ва молиш дода, бо оҳанги накӯҳиш гуфт:
– Одамони хуб будаанд! Аз афташ хабар надоред, ки ҳангоми мухториятии Ҳӯқанд онҳо ба мо чӣ ҷабру ҷафоҳо карданд. Бо сарбозони дашнакиюни арман як шуда, хонаҳои мардумро толон карданд. Барои як табақ гандум хонаводаҳоро тир зада мекуштанд!
– Газетаҳои Самарқанд ин хабарро дода буданд, – гуфт Мансур. Ва ба хотираш кунгураи Ҳӯқанд омад, ки он ҷо болшевикҳо чӣ ваъзҳои назарфиребе мегуфтанд... Ҳама чиз аз они халқ аст, мегуфтанд. Ҳукумат аз они халқ... Бисмиллоҳашон номи халқ буд. Баъде, ки пойҳояшон ҷой гирифт, он гуфтаҳоро фаромӯш карда, ҳама хостаҳошонро карданд. Ва ба ҳисси кунҷковӣ пурсид: – Мухторияташон чанд муддат давом кард? Ягон кори неки хотирмон карданд?
– Се моҳ ҳам тӯл накашид. Ягон коре аз дасташон наомад. Баръакс, ба сари мардум балоҳо оварданд. Гушнагӣ шуд, қаҳтӣ шуд. Куштору дуздию ғоратгариҳо шуд. То ҳол мухриятхоҳонро ба ҳар баҳона дошта ҷазо медиҳанд.

пешина
аз 613
навбатӣ