Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

вагонҳо нависанд: «Аз Фрунзе ба губернияи Иваново-Вознесенский!». Ин кораш ба пешвоҳои инқилоб, хусусан ба Сталин, ки аз гуруснагӣ раҳонидани губернияҳои марказии Русия ба ӯ вогузор шуда буд, сахт писанд омад.

Дар раёсат Чернов ва Андреев дақиқае ба ҳам гуфтугӯ карданд, сипас Фрунзе аз ҷо хеста, ҷиддӣ ба сухан шурӯъ кард:

– Рафиқон, дар ин маҷлис чизе навиштан ва ё ишорае кардан манъ аст. Ҳар сухан ё фармонеро, ки мешунавед, фақат ба хотир мегиред ва то лаҳзаи саршавии амалиёт ба кассе гуфтаю, ҳатто байни ҳамдигар сухане радду бадал кардан мамнӯъ аст.

Ӯ ба коғази дасташ назари кӯтоҳе афканда, бо садои баландтар афзуд: – Аввал мехоҳам каме дар бораи иқтисоди Бухоро ба шумо маълумот диҳам. Дар як сол даромади аморати Бухоро аз молиёт то сӣ миллион танга аст (бист танга баробари як тангаи тилло қимат дорад). Пахтаи ҷамъ меоварда зиёда аз ду миллион пуд аст. Ва ин пахта аз ҷиҳати сифат дар ҷаҳон беҳтарин ба ҳисоб меравад. Аморат сию шаш заводи пахтатозакунӣ, панҷ заводи рӯғанбарорӣ, ҳаждаҳ заводи хишт дорад. Бухоро ҳар сол ду миллион дона пӯсти қарокӯлӣ ба даст меорад. Бухоро абрешим, тилло, газу нафти зиёд дорад. Муҳимтар аз ҳама, офтобу обу саҳроҳои ҳосилхез дорад. Ва хазинаи асрҳо ҷамъоварӣ кардаю таҳ ба таҳ хоб рафтаи тилло дорад. Фақат худи амир як миллион гӯсфанди қарокӯлӣ дорад ва заминҳояш беҳисобанд. Яксаду сӣ корвонсарой, зиёда аз сад бозор ва рамаю галаҳои аспу уштур дорад.

Фрунзе таваққуф карда, даст ба риши кӯтоҳаш бурд ва табассум кард. Нигоҳаш баръало мегуфт: «Акнун фаҳмидед, ки дар пеш чӣ гапу кор ҳаст? Мо на фақат барои ёрӣ омадем.»

Чернов нигоҳашро аз Фрунзе намеканд. Фикр кард, ки Фрунзе дар ҳақиқат марди ҷанг шудааст.

– Аз ҳама муҳим, ин ҷо рӯҳониҳо зиёданд, — афзуд Фрунзе. – Махдуму мавлоною шайху э-ҳе! Ҳама дар динашон мустаҳкам. Маро мефаҳмед? – Яқин суханаш чунин маъно дошт: – «Ин тоифаҳо ҳам аз роҳ бартараф мекунанд.»

Фрунзе суханашро идома дод: – Аз кишварҳои атроф ба Бухоро омада, хонда мулло мешаванд. Ҳатто аз Қошгару Хутану Афғонистон меоянд. Дар Пишпеки мо касе, ки дар Бухоро хонда бошад, муллои калон аст.

– Касофати амир даҳ панҷаро ба даҳон карда будааст, — касе аз толор овоз баланд кард.

– Акнун ба қисми масъалаи асосӣ мегузарем, — афзуд Фрунзе. – Коммунистони Бухоро ба Шӯрои инқилобии Фронти Туркистон муроҷиат кардаанд, ки армияи сурх ба шӯриши озодихоҳони мардум ёрӣ расонад. Шумо медонед, ки амирони Бухоро дусад сол аст, ки мардумро дар панҷаи зулму бедолатиҳо нигоҳ медоранд. Як кишвари пурсарват дар дасти як гурӯҳи дуздпеша, нолоиқ ва айёш. Бештари халқ дар бенавоию қашшоқию бесаводӣ зиндагӣ дорад. Ба амир Олимхон ҳафт-ҳашт сол аст, ки донишмандону озодагони халқаш «ислоҳот кун, ислоҳот кун!» мегӯяд. Ин девори қиёмат на ин ки ислоҳот намекунад, балки ислоҳотхоҳонро таъқибу таъзиб мекунад. Ҳатто хонаҳошонро подшоҳ кардаю гирифта ба дигарон медиҳад. Аз ин рӯ қарзи инсонӣ ва байналмилалии

пешина
аз 613
навбатӣ