Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих

Хонандагони мӯҳтарам!

Инак саҳифаи охирини саргузашти Нависандаи Халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромиро дар маҷаллаи «Садои Шарқ» хонда баромадед. Шумо фаҳмидед, ки адиб умри дароз дида, дар муҳити аморати Бухоро зиста, пайдоиш ва сарнагуншавии ҳукумати Советиро аз сар гузаронидааст. Вай иштирокчии барпошавӣ ва сабзиши Республикаи Тоҷикистон буд.

Дар солҳои 30-юми асри гузашта нависандаи ҷавон барои рушди адабиёт, фарҳанг ва илму маърифати тоҷик ба пойтахти республика — шаҳри Душанбе кӯчида омад. Дар пеш роҳи номаълум, мураккаб ва пурмашаққат буд, аммо ин роҳи озодӣ, роҳи нави пурҷӯшу хурӯши зиндагӣ буд. Нависанда нотарсида, бо боварии калон қадамҳои нахустини эҷодии худро ба ин роҳ гузошт ва умеду орзу дошт, ки ин роҳ вайро ба қуллаҳои нави адабиёт ва фарҳанг меоварад. Вай хато накард. Дар ин ҷо Ватани худро ёфт ва ба комёбиҳои ниҳоят баланд ноил гардид.

Солҳои зиёде гузаштанд. Ҷалол Икромӣ дар ин сарзамин 10 роман, зиёда аз 12 повест, 16 песа, очерку ҳикояҳо ва мақолаҳои зиёде эҷод кард. Вай чун тарҷимон асарҳои А.Чехов, Л.Толстой, М.Горкий, Б.Карбобоев, А.Қодирӣ, Н.Балтушис ва дигаронро ба хонандагони тоҷик дастрас намуд. Барои ин хизматҳояш ба унвони Нависандаи халқӣ, мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ, ордену медаллаҳои зиёде сазовор гардид.

Вай ҳама вақт бо халқ буд, аз муваффақиятҳои он хурсанд мешуд, аз нобарориҳои замона андӯҳгин мегардид, ҳамроҳ бо мардум рӯзҳои мудҳиши солҳои 1937-38 ва Ҷанги Бузурги Ватаниро аз сар гузаронид.

Аммо шикаста нашуд, ноумед нашуд ва боварии худро ба зиндагӣ ва ояндаи Ватан гум накард. Давоми умр дӯстони зиёде пайдо кард ва дӯстонашро ҳам гум кард. Ин ҳаёт буд, бо ҳама пастию баландиҳояш.

Нависанда ба халқ боварӣ дошт ва то охири умр хизмати онро ба дараҷаи тавонаш адо кард. Вале дар анҷоми умр фоҷиаи даҳшатовар, ҷанги бародаркуширо низ дид. Ба омадани ин ҳодиса ӯ тайёр набуд ва дили ранҷуру бемораш тоб оварда натавонист. Дар синни 85-солагӣ, моҳи апрели соли 1993 аз дунё чашм пӯшид. Нависандаро тамоми мардуми тоҷик, хонандагон, муаллимон, шоирону нависандагон бо эҳтироми бузург ба роҳи охирин гусел карданд.

Ном, ёд ва равонаш пирӯзу дурахшон бод!

Нашрияи Миллии адабии «Садои Шарқ»,
шумораҳои №1-4, соли 2006

аз 339
навбатӣ