Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«Хушбахт он аст, ки аз саргузашти дигарон панд бигирад».
Ҳадиси Муҳаммад пайғамбар(с)

1983 декабр

ПЕШГУФТОР

Нависандаи Халқии Тоҷикистон Ҷалол Икрокӣ моҳи апрели соли 1993, замоне, ки дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, аз дунё даргузашт. Вай Тоҷикистон, кишвари азизашро дӯст медошт, ба мардумаш эҳтиром дошт, аз дастовардҳояш шод мешуду аз камбудиҳояш ғамнок мегашт. Дили нависандаи куҳансол, дӯстдори Ватан фоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро натавонист дар худ гунҷонад. Вақте нерӯҳои ҷоҳталаб хостанд ӯро ба сӯйи худ кашанд, барои расидан ба мақсад аз номашу обрӯяш истифода кунанд, аз умраш 85 сол гузашта буд.
Вай онҳоро қатъан рад кард, ба ҳамин сабаб хостанд ӯро сиёҳ кунанд, рӯйи номаш доғ ниҳанд. Аммо вай акнун наметавонист чун дар ҷавонӣ мубориза барад. Барои ин кор ӯ дигар нерӯ надошт. Дар Тоҷикистон ҳукумати нав бар сари кор омад, вай онро табрик гуфт ва ҳамчун ҳукумати халқ шинохт. Чанд пас ӯ аз олам гузашт. Ва дар рӯзҳои мушкили барқароршавии ҳукумати нав ба хок супорида шуд.

Ин ёддоштҳои падар дар бойгониаш зиёда аз 10 сол хоб буданд. Ҳеҷ гуна имкони чопи онҳо мавҷуд набуд, зеро ин ёддоштҳо дар замони шӯравӣ навишта шуда буданд ва табиист, ки нақши ҳамон замонро дар худ доштанд.

Кишвари мо дар солҳои сипарӣ гашта мушкилиҳои зиёди иқтисодию сиёсиро паси сар кард. Ба роҳбарияти давлат, президенти мо Э. Раҳмонов лозим омад барои барқарории сулҳ, ташкили сохтори нави давлати демократӣ, пойдории тартиботу қонун, наздик намудани замони рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум монеаҳои гӯшношунидро паси сар кунад. Он чӣ дар як замони кӯтоҳи таърихӣ Президенти мо кард, ба каси дигар муяссар нашуда буд ва акнун мо метавонем осудаву ором ба ин роҳи тайкардаи кишвари худ бингарем. Мо ба ояндаи неки худ шак надорем ва дигар аз бозгашти нооромиву бесомонӣ наметарсем. Мамлакат инак нерӯву иқтидор дорад ва ба сӯйи офтобу баҳор ва шукуфоиву эҳёи миллат гомҳои боварбахш мегузорад.

Ба пиндори ман ҳоло замони чопи ин ёддоштҳо, ки ба қалами куҳансолтарин нависандаи кишвари мо мансубанд, фаро расидааст. Вай зиндагии дарозу мушкил, вале хушбахтонаро аз сар гузаронидаву бо одамони аҷиб вохӯрдааст, ки дар ҳаёти ӯ нақш гузоштаанд.

Сафҳаҳои зиёде аз ин китоб метавонанд барои хонандаи мо омӯзанда бошанд, зеро дар онҳо зиндагии падарон тасвир шудааст. Ва месозад, ки мо - созандагони ҳаёти нав — ба пас нигарем, ба таърих рӯ оварем, гузаштагонро бифаҳмем ва осорашонро бодиққат биомӯзем. Нигоҳи ҳақиқатбинона ва ростин ба таърих, зиндагӣ ва кору эҷоди падарон ба мо имкон медиҳад дар кори эъмори давлати худ ба камбудиҳову қаҷравиҳо роҳ надиҳем. Мо бояд падарони худро бифаҳмем, ба онҳо тақлид бикунем, ба осорашон арҷ гузорем. Ман бовар дорам, ки ин гуна бинишу фаҳмиш дар зиндагӣ ба мо комёбӣ меорад.
Замоне расидааст, ки хонандаи мо ба пас нигарад, ҳамроҳи нависанда он зиндагиро аз сар гузаронад. Ин китоби охирини нависанда, туҳфаи падрудии Ҷалол Икроми ба мардумаш аст. Бигзор ин китобро хурду калон бихонанд, аз марҳилаҳои зиндагии падари ман бигзаранд. Бояд мардум бидонанд, ки вай чӣ гуна зистааст, чӣ шебу фарозҳое бар сари роҳаш будааст. Ин танҳо таърихи падари ман не, таърихи кишвари ман низ ҳаст. Ин сафҳаҳои таърихро кӯр кардан, фаромӯш намудан ё нагуфтан мумкин нест. Онҳо бозгӯи онанд, ки чӣ гуна мо то ба имрӯз расидаем ва акнун метавонем сарнавишти миллату кишварамонро бо дасти худ бисозем.

Нотарсона сафҳаҳои ин китобро бикшоед ва ҳамроҳи падари ман, нависандаи Халқии Тоҷикистон Ҷалол Икроми ба роҳ бароед.

Ҷонон Икроми,
доктори илми кимиё, профессор

пешина
аз 339
навбатӣ