Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Инак, агар падарам дар муқоваи ягон китоб рӯзи таваллуди маро навишта бошанд ҳам, дар ин толонҳо он китоб нест шуда рафт ва ман пас аз вафоти падар ба ғайр аз як-ду китоби ҳикоят, ки баъд аз инқилоб дар Бухоро ба даст омада буд, дигар асаре нагирифтаам ва бинобар он мегӯям, ки дар дасти ман ягон санаде нест, ки рӯз, моҳ ва соли таваллуди маро нишон диҳад. Амма ва холаҳоям гуфтанд, ки ман дар вақти ҷанги Суннию Эронӣ, дар тирамоҳ таваллуд шудаам. Ҷанги Суннию Эронӣ дар Бухоро дар соли 1909 ба вуқӯъ омада буд; сентябр ҳам моҳи тирамоҳ аст. Бо ҳамин қарор додам, ки ман дар соли 1909, дар 20 моҳи сентябр ба ин дунёи пуршӯр омадаам.
Дар вақти таваллуд шудани ман падарам хатми китоби Мулло Ҷалолро тӯй мекардаанд ва бинобар он номи маро Ҷалол гузоштаанд. Маълум мешавад, ки он кас дар он дам дар мадраса мехондаанд ва китоби Мулло Ҷалол, ки яке аз китобҳои мушкил ва муҳими мадраса ба шумор мерафт ва ҳар кас, ки онро хатм кунад, як маърака, як тӯе мекардааст. Падарам ҳам ба муносибати хатми китоби Мулло Ҷалол тӯй кардаанд ва чун ёдгории ҳамон рӯзи хушнудӣ номи маро Ҷалол гузоштаанд.
Ман аз модар фарзанди сеюм шуда ба дунё омадаам. Пеш аз ман хоҳарам – Масрура, бародари калонам – Нуриддин буданд. Пас аз ман як додарам – Муҳиддинҷон ба дунё омадаасту модарам вафот кардаанд. Дар он дам ман тахминан дусола будаам. Аз ин рӯ ман лутфу марҳамати модарро дуруст надидаам, аз меҳрубониҳо ва навозишҳои модар маҳрум мондаам. Бинобар он дар ин ҷо мехоҳам, ки падарамро нависам ва ёди падарро кунам!
Падари ман Киромиддин махсум ном доштанд ва фарзанди шашуми падар шуда ба дунё омадаанд. Аз бобои ман, ки қозӣ Бадриддин ном доштанд як духтару (модарарӯси ман – раҳматӣ Саломатбегим), панҷ писар шудааст, ки калонтарини онҳо Бурҳониддин, баъд Қиёмиддин, баъд Зиёиддин, баъд қорӣ Масъуд, баъд Киромиддин будаанд. Аз амакҳоям фақат қозӣ Бурҳониддинро медонаму бас. Қиёмиддин, Зиёиддин ва қорӣ Масъуд барвақт аз дунё гузаштаанд.
Аз амаки калонӣ – қозӣ Бурҳониддин, ки се-чор зан доштаанд, ҳамин фарзандҳо ба дунё омада буданд: Умархон, Усмонхон, Массаратхон, Маъсумахон, Шаҳобхон, Муҳаббатхон, Зуҳурхон, Аслихон ва Муслихон. Аз амаки Қиёмиддин як писар – Шарифҷон; аз амаки Зиёиддин як писар – Аминҷон Махсум; аз амаки қорӣ Масъуд як духтар Асолатхон ба дунё омадаанд. Албатта ҳар кадоми инҳо ҳикояте доранд ва ман то метавонам, дар мавқеаш дар бораи онҳо ва тақдирашон сухан мекунам.
Пеш аз он ки дар бораи падарам маълумоти муфассал диҳам, дар ин ҷо мехоҳам, ки дар бораи бобо ва бобокалонам он чӣ ки шунидаам ва медонам баён кунам:
Бобои ман (яъне бобои қозӣ Бадриддин) аслан аз мавзеи Хоҷа Халили ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб будаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё