Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

1.1 МЕДИА ЧИСТ?

Якчанд роҳи муайян намудани медиа чист вуҷуд дорад. Ин истилоҳ «яке аз роҳ ё канали муоширати оддӣ, иттилоот ё дилхушкуни дар ҷомеа, масъалан: рузнома, маҷалла, садо ё симо» мебошад. Медиа дар мубодилаи пайёмҳо байни одамон, вақто, ки пайём рӯ ба рӯ не, балки бо воситаи медиа равон карда истифода мешавад. Дар ин мубодила пайём аз тарафи шахси фиристодашуда бо рамзҳои шартӣ бехатар карда мешавад (муаллиф ё муаллифони пайём) ва пайёмгиранда (аудитория) мебошанд. Ин пайёмҳо пайёмҳои медиавӣ шуморида мешаванд.

Калимаи «медиа» аз забони англисӣ гирифта шуда маънои « воситаҳои ахбори омма» буда, дар маҷмӯъ: дар садо, симо, рӯнома, маҷалла, Интернет ро ифода мекунад. Калимаи «media» - аз лотини шумораи зиёд medium мебошад, ки ба ғайр аз воситаи ахбори омма дигар манбаҳоро нишон медиҳад, ки бо виситаи он қувва ва дигар таъсирҳо расонида мешаванд. Инчунин бо ин калима тачҳизотҳои рақамӣ, масъалан лентаҳои магнитӣ ё дискҳо. Калмаи «медиа» тасвирнашаванда буда дар шумораи зиёд дар воситаҳои ахбори омма истифода бурда мешавад. Шабакаи Интернетӣ дар Қирғизистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба ВАОтбаробар карда намешавад, аммо дар амал барои одамони зиёд воситаи асасии муошират (коммуникатсия) ба ҳисоб меравад. Интернет ба медиа дохил мешавад.

Воситаи ахбори омааи анъанавӣ ва навин.

Клласификатсия (навҳои) медиа:

  • дар шакли воситаи умумӣ (нашр, садо, кино, симо, видео, шабакаҳои компутерӣ ва ғайра);
  • бо воситаи каналҳои қабул (аудио, видео, аудишифоҳӣ, нишон-матнҳо, графикӣ);
  • дар ҷои истифодабарӣ (фардӣ, гурӯҳӣ, ҷомеавӣ, хонагӣ, корӣ, дар нақлиёт ва ғайра);
  • дар асоси мазмуни иттилоот, ба иҷтимоиёт нигаро нидашуда ( идеологӣ, сиёсӣ, маънавӣ-тарбиявӣ, дарки-таълимӣ, эстетикӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва ғайра).
пешина
аз 126
навбатӣ