Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мақомоти ҷангали минтақаи Кӯлоб дар мавсими имсолаи пистачинӣ 7 тонна пистаи хоми ҷамъоваришударо аз сокинони маҳаллӣ мусодира карданд. Дар баробари мусодираи ҳосили писта, масъулони ҷангал нисбати сокинон бинобар ҷамъоварии ғайриқонунии писта, 67 санад тартиб додаанд.
Масъулон: «Сокинон пистаро хом мечинанд»
Мираҳмад Давлатов, роҳбари Хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб рӯзи 24-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари мусодираи ҳафт тоннаи пистаи хомро аз ҷангалзорҳои Фархору Данғара тасдиқ кард.
«Ҳарчанд мо мефаҳмонем, ки чидани пистаи хом қатъиян манъ аст, аммо бо ҳар роҳу восита мардуми мо пистаи хомро мечинанд.
Имсол мо дар ҷангалзорҳо рейд ташкил карда, ҳудуди ҳафт тонна пистаи хомро дарёфт кардем. Агар он хушк ва пухта расад, ба 2,5 то 3 тонна баробар мешавад. Ҳарчанд хоҷагии ҷангал кор мекунад ва боздошту пистаҳоро мусодира мекунад, вале ҳамоно чидани пистаи хом мушоҳида мешавад»,-гуфт мусоҳиби мо.
Ҳар килограмм пистаи хом дар ҳудуди ҷангалзор 3-4 сомонӣ арзиш дорад. Барои муқоиса, то замони ба ғурфаи бозор расиданаш пистаи пухта ба арзиши 40 то 70 сомонӣ барои ҳар килограмм баробар мешавад.
Масъулони Хоҷагии ҷангал мегӯянд, ки ҳоло аз ҳафт тонна пистаи хоми мусодира шуда, аз он танҳо аз 2 то 3 тонна пистаи тоза баромад.
Ба гуфтаи масъулон, агар ин миқдор писта пас аз пухта расидан чида мешуд, аз он то 4 тонна пистаи тоза коркард мешуд.

Худойдод Абдулов, масъули яке аз ширкатҳои иҷоракори Хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи шартнома, онҳо ҷангалзори мутааллиқ ба худро нигоҳубин мекунанд ва вақте писта пухта расид, онро чида коркард мекунанд. Ӯ гуфт, аз рӯи иттилои онҳо, пистаи хом бештар мавриди таваҷҷӯҳи соҳибкорони афғон аст.
Худойдод Абдулов дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки имсол ҳосили пистаи ҷамъоваришуда нисбати солҳои пеш «хеле кам аст», аммо дақиқ нагуфт, ки онҳо чанд тонна нисбати соли гузашта камтар писта ҷамъ овардаанд.

пешина
аз 126
навбатӣ