Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ИМКОНИЯТҲОИ МАН ДАР ИНТЕРНЕТ

Функсияи иҷтимоии Интернет : Интернет аз ҳама роҳи осон ва пурсамари
ташкили гурӯҳҳои шабакавӣ мебошад. Ин - маҳфилҳо аз рӯи шавқ, гурӯҳи мушовирон, фан-клубҳо ва ғайра мебошанд. Ин гурӯҳҳо садҳо, ҳазорҳо ва баъзан миллионҳо одамонро дар бар мегиранд. Дигар бо роҳи анъанавӣ чунин гурӯҳҳои калонро муттаҳид ва бо самар карда намешавад, чуноне, ки Интрернет имкон медихад. Бинобар ин мо баъзан мешунавем, ки Интернет ин “шабакаи шабакаҳо” мебошад. Имрӯзҳо бисёр мактабҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро доранд, ки барои муттаҳид сохтани хатмкунандагон ин мактабҳо пешбинӣ шудаанд. Дар ин саҳифаҳо онҳо аз муваффақиятҳои шахсию мактабӣ хабар медиҳанд.
Интернет барои таълим: - Википедия бо забони тоҷикӣ, аз ҳама энсеклопедияи калон бо забони тоҷикӣ мебошад. То имрӯз дар ин захира аз тарафи тоҷикон 95 639 мақолаҳо навишта шудааст. Афзалияти ин захира дар он аст, ки ҳар шахс метавонад мақолаи нав ҳамрҳ кунад. Шумо чӣ қадар бештар далел, пешниҳод кунед, мақолаи шумо ҳамон қадар зудтар интишор мешавад.

Инчунин қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳангоми навиштани рефератҳо ва ҷустуҷӯи иттилоот барои дарсҳо, донишҷӯён аввалин маълумотро дар Википедиа пайдо мекунанд. Фаҳмидан муҳим аст, ки ин як энсиклопедияи кушода аст ва шумо метавонед маводи онро барои истифода гиред. Аммо, агар шумо ягон пайвандеро ба манбаъ нишон надиҳед, онро ҳамчун плагиат баррасӣ кардан мумкин аст. Ҳар як муаллим метавонад ба таври осон бо воситаи як қисми матни пешниҳодшударо «гугл кардан» муайян кунад, ки мавод аз куҷо гирифта шудааст .

Бо пайдоиши сайтҳое, ки истифодабарандагон худашон наворҳояшонро ҷой медиҳанд, бисёр маълумоти визуалӣ ҷамъ шудааст, ки тавассути он тамошобин малака ва ё роҳи ҳалли мушкилотро мегирад. Имрӯз сомонаи маъмултарин YouTube мебошад. Дар он шумо метавонед ҳама гуна иттилооти лозимаро дар формати видео пайдо кунед.

Чанде қабл, гурӯҳи ташаббускор, таърихи Қирғизистонро дар шакли мултипликатсия бо забони русӣ нишон дод.

пешина
аз 126
навбатӣ