Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

НАМУДҲОИ ВОСИТАИ АХБОРИ ОММА

а) воситаҳои ахбори омма ба нашри ва элетронӣ ҷудо шудаанд. Ба якум шомил мешаванд: рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар нашрияҳои даврӣ. Ба воситаҳои электронӣ: садо ва симо.

Воситаҳои ВАО – ин воситаи ахбори омма бо ёрии тачҳизотҳои (станокҳои) махсуси ҳуруфчин, бо аксу расмҳо, плакат, схема, граффика ва дигар расми-графикӣ, ки омода ва паҳн мешаванд ва аз тарафи муштариён шифоҳӣ қабул карда мешаванд. (рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, алманахҳо, китобҳо).ВАО и нашрӣ барои баро шахсоне, ки имконияти муфассал дидани барномаҳои хабарии симоро (телевидения) надоранд басо муҳим аст.

ВАО электронӣ. Афзалияти садо (радио) ҳамчун ВАО иттилоотро бо усули аудио (садой) пешниҳод мекунад. Дар симо (телевидения) бошад ба иттилоот нақшҳои шифоҳӣ илова мешаванд. Пештар ба воситаҳои ахбори оммавии нашрӣ бештар тавҷҷӯҳ зоҳир мекарданд, тавофутан аз электронӣ бо ин фарқ мекард, ки аз расонаҳои нашрӣ бозгашта иттилоотро такроран аз худ карда мешуд. Алҳол аз маълумотҳоро бори дигар ВАО и электронӣ, аз веб – варақаҳои он дар вақти қулай дастрас ва истифода намудан, тамошо кардани барномаҳои телевизионӣ, гуш намудани баронмаҳи радио, ҳатто шинос шудан бо стеногрммаҳо мумкин аст.

б) Дар доираи мавзӯъ ВАО ба ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва махсус ҷудо мешаванд. ВАО – и ҷамъиятӣ – сиёсӣ ҳамаи ахбороти ба ҳаёт муҳимро дарҷ мекунанд, нашрияҳои махсусгардонида шуда фақат дар доираи мавзӯи худ таъкид мекунанд. Ба махсусгардонида шуда нашриётҳои соҳавӣ, идорай шомил мешаванд. Алҳол дар аксари идораҳои давлатӣ нашрияи худ амал ва рӯзномаи худро дарҷ мекунад. Ин нашрияҳо дар торномаҳои Интернети ва нашрӣ маълумот дар бораи фаъолият доимо хабар мегузоранд. Да Қирғизистон радио ва каналҳои телевизионии махсусгардонида шуда амал намекунанд. Аммо дар ҷаҳон мушоҳида карда мешавад, ки ВАО – ҳои махсусгардонидашуда ба ҷамъиятӣ-сиёсӣ табдил ёфтаанд. Масъалан, телеканали давлатӣ ҷамъияти- ватандӯстӣ Россия «Звезда» ҳамин тавр ташкил ёфта мавзӯи асосии он – ҳарбӣмебошад.

в) дигар намуди гурӯҳҳои ВАО низ вуҷуд дорад:

  • бо даврияти нашр: ҳаррӯза, ҳафтаина, моҳона;
  • аз рӯи миқёси паҳн:
  1. Марказӣ, миллӣ, ҷумҳуриявӣ. 2. Вилоятӣ, минтақавӣ. 3. Шаҳрӣ. 4. Ноҳиявӣ. 5. Маҳаллӣ. 6. Соҳавӣ.
пешина
аз 126
навбатӣ