САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Иттилоъ дар бораи роҳҳои муҳофизати маълумотҳои шахсӣ
• Пароли боваринок (мустаҳкам) имконият медиҳад, ки аккаунтҳоро дар онлайн ресурсҳо ва замимаҳо (приложенияҳо) аз шахси сеюм эмин нигоҳ дорем.
Сохторҳои (настройка) шахсӣ ба шумо имконияти аниқ кардани дараҷаи дастрасии дигар истифодабарандагонро ба маълумотҳои шахсии шумо, ки дар онлайн ресурсҳои гуногун ҷойгир шудааст, медиҳад.
• Қоидаи идоракунии маълумотҳои шахсӣро ба шумо мефаҳмонад, ки чӣ тавр маълумотҳои шахсӣ, ки дар интернет ҷой дода шудаанд, ба обрӯи шумо дар шабака таъсир мерасонанд.
Пеш аз он ки маълумотҳои шахсиро дар интернет ҷо мекунед, бояд аниқ донед, ки шумо маҳз дар ҳамон шабакае ҷой доред, ки мехостед дароед, на дар саҳифаи қалбакӣ (фишинговӣ), оне ки фиребгарон таъсис додаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё