САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
БО ИНТЕРНЕТ ҲАМОҲАНГ ЗИСТАН
Муҳофизат аз киберхатар. Барои ин ба ҳар як истифодабарандаи интернет тавсия дода мешавад, ки антивирусро ҳар сари вақт нав карда, компютер ва флешкаҳоро аз вирус тафтиш намояд. Барномаҳои зараровар дар компютер солҳои сол зиста, худро нишон надода, яку якбора метавонад, маълумоти муҳими шуморо дуздад.
СЛАЙД № 12
Эҳтиеткор бошед ва фикр накарда ба шабакаҳо барномаҳои бепул насб накунед. Бо ин гуна барномаҳо (ё ҳамнамуди ин барномаҳо) шумо метавонед вирус ё барномаҳои ҷосусӣ насб созед.
СЛАЙД № 14
Дар солҳои охир мафҳумҳои нав ба ҳаёти мо ворид шудааст, ки мо пештар ҳатто чӣ будани онро намедонистем: яке аз онҳо – геолокатсия мебошад. Ин калима намояндагони баъзе касбҳо истифода мебурданд, масалан шахсони ҳарбӣ, баҳрнавардон, ҳавопаймоён ва баъзе дигарҳо. Имрӯзҳо бошад геолокатсия истифодаи васеи худро дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо, мақсадҳои фароғатӣ, муоширати интернетии миллионҳо одамон, ки аз имкониятҳои таҷҳизотҳои электронӣ васеъ истифода мебаранд гирифтааст. Калимаи «геолокатсия» аз ду калима – калимаи юнонии «гео» -қабати рӯи замин, ва калимаи англисӣ «location» — ҷойгиршавӣ, ҳолати қарор доштан, иборат мебошад. Бо ин калима дар айни замон дар куҷо қарор доштани объектро, ки аз рӯи радиосигнали он муайян мешавад, баён мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё