САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
«ИТТИЛООТ» ВА «МЕДИА»
Нақши Интернет дар ташаккули расонаҳои навин басо муҳим аст, чунки дар як вақт барои интиқоли иттилоот матн, акс, тасвир, видео ё аудио истифода бурда мешавад. Лаҳзаи калидӣ дар идеологияи расонаҳои навин - интерфаъолӣ. Тақрибан 30 сол пеш расонаҳои навро ҳамчун технологияҳи коммуникативӣ мешуморидан, ки интерактивиро дар истифодабаранда ба истифодабаранда ва интерактивиро байни истифодабаранда ва иттилоот медонистанд.
Алҳол ҳар як инсон бо андаке тачҳизоти техникӣ метавонад расонаи шахсии худро дар усулҳои гуногун: матни ё тасвирӣ, садои ё наворӣ ташкил кунад. Бинобар ин, расонаҳои навин модели коммуникативии ҷамъиятиро дар муносибати байниҳамдтигарӣ куллан тайғир медиҳад. Расонаҳои навин – ин индустрияи бебаҳо бо таркибҳои шахсии худ дар бозори касбӣ, ки дар он нақши асосиро Интернет мебозад.
Якчанд таҳлилгарон ин манбаҳро ҳамчун ВАО эътироф намекунанад. Ин нуқтаи назарро бисёр мутахассисони ғарб дастгирӣ мекунанд, далелҳои нисбатан дақиқро мутахасссиси касби дар соҳаи маркетинги электронӣ Б. Айзенберг низ қайд кардааст. Эътироф накардани расонаҳои иҷтимоиро ҳамчун воситаи ахбори омма, дар шакли анъанавӣ ӯ чунин асоснок мекунад, ки ҳамаи ВАО – ҳои анъанавӣ мақсади расонидани иттилоотҳои ҷиддии иҷтимоӣ мебошад.
Расонаҳои навин, дар навбати худ, майдон барои муошират байни одамон аст. Аз ин бармеояд, ки расонаҳои анъанавӣ ба ҷои аввал мундариҷаи иттилоотро мегузоранд, дар доираи расонаҳои иҷтимоӣ ҷои аввалро муошират мегирад, мундариҷаи муошират ба ҷои дуюм мемонад.
Мавқеи муқобилро таҳлилгари расонаҳои иҷтимоӣ аз Санкт-петербург М.С Будолак пешниҳод мекунад. Дар асоси хулосаҳои М.С Будолак, « Расонаҳои навин – ин модели нави ВАО дар онлайн, дар он ҳар як истифодабарандаи Интернет, ки аз малакаи барномасозӣ бехабар аст, метавонад дар ташк, нигоҳ доштан ва паҳн намудани масоили иҷтимоӣ, ки силсилавӣ барои оммаи васеъ пешниҳод мешаванд иштирок карда метавонад». Дар мақолаи худ М.С. Будолак пайдарҳам ҳамаи функсияҳои дар ВАО – и анъанавӣ, ки робита ба ВАО – и иҷтимоӣ мебошад баён кардааст.
Хусусиятҳои расонаҳои навиндар он аст, ки акнун ҳар як шахс метавонад аз нигоҳи раванди технологӣ эъҷодкори «Расонаи навин» бошад. Вин Красби «масс медиа» - ро, ҳамчун олоти муошират «як кас ба ҳама», дар расонаи нав дар « бисёрӣ бо бисёриҳо» мебинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё