Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

1.4. РАСОНА ВА МУШТАРИЁН: КӢ БА КӢ ТАЪСИР МЕРАСОНАД?

Таъсир дар муносибати расона ва муштарӣ аз ду тараф ба миён меояд: ҳам муштариён ба расона ва ҳам расона ба муштариён таъсир мерасонад. Охирон бо вуҷуд омадани фикри омма ба миён меояд.

Бо шиддат тараққи кардани технологияиҳои муосир иттилоотро хеле дастрас мекунад. Акнун ин доираи танҳо институти алоҳида, марказҳо ташкилотҳо набуда, сарчашмаҳои муосири иттилоот ба доираи васеъ истифода дастрас мебошад. Расонаҳо бошанд дар васеъ намудани истифодабарандагони худ ҳавасманд ҳастанд. Дар мисоли Қирғизистон бошад, ин бо рақобати васеи доираи буҷаи рекламавӣ алоқамандӣ дорад.
Хрусусияти рушди институти ВАО – и Қирғизистон дар замони муосир хеле зиёд пешниҳод намудани маҳсулоти расонавӣ ва шумораи муштариён ибрат аст. Ба шумораи на он қадар зиёди аҳолии Қирғизистон аз 1500 (эзоҳи 1) зиёд расонаҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Қайд кардан зарур аст, ки баъзе расонаҳои аз қайд гузашта фаъолият намекунанд вале дар реестри вазорати адлияи вуҷуд доранд.
Базеъ Интернет- нашрияҳо ҳамчун ВАО дар қайд ҳуқуқӣ набошанд ҳам , аммо фаъолияти ВАО – ро иҷро мекунанд.

Шумораи зиёди захираҳои расонавӣ дар Қирғизистон рақобати калонро байни онҳо ба миён меорад, албатта аввалан дар байни интернет – нашрияҳо. Ин аз маҳдудияти бозори реклама ва дар ҳаҷми зиёд пешниҳод намудани маҳсулоти расонавӣ мебошад. Аз маълумотҳои директори генералии телерадиокорпаратсияи ҷамъиятии (КТРК), ҳамасола буҷаи солонаи рекламавӣ дар мамлакат 8-10 миллион долларро ташкил мекунад.

Ин маблағҳо, аз тарафи компанияҳо ба нақша гирифт шудаанд, нафақат барои паҳни реклама ( нашри рӯзнома, интернет-нашрияҳо, ба эфир додани маълумот бо воситаи садо ва симо), балки барои ташкили контент, инчунин барои рекламаи беруна истифода мешаванд. Бо суханҳои дигар, қисми калони буҷа нафақат барои ВАО, балки ба созандагони мӯҳтаво ( контент) сарф мешаванд.
Нисбатан наонқадар бозори калони муштариён, инчунин ҳам истифодабарандагони эҳтимолии маҳсулот ва хизматрасонӣ ба рақобат байни ВАО оварда мерасонад. Хонандагон ва тамошабинони ВАО бо воситаи мӯҳтаво (контент) ҷалб мекунанд.

пешина
аз 126
навбатӣ