Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Истифода бурдани як ё ду ВАО ҳамчун расонаҳои асосӣ, баъзан сарчашмаи ягонаи иттилоот шуморида мешаванд, ба он оварда мерасонад, ки муштариён акси ҷаҳонро интихобан бо пешниҳоди ВАО мебинанд. Дар ҷаҳон милиёнҳо ҳодисаҳо рӯй медиҳад, аммо ба саъми муштариён ҳодисаҳои аз тарафи ВАО интихоб ва намоиш медиҳанд расонида мешавад.

Бо баробари омилҳои интихоби иттлоот, дар ВАО боз дигар сарчашмаи қувваи манипулиатсия вуҷуд дорад, ки ин – сухан аст. Бо истифодаи сухан шахс ба шахси дигар дар қабул кардани ҳодисаи воқеӣ таъсир мерасонад. Агар, масалан, ВАО – и ғарб дар бораи «дар аввали моҳи апрели соли 2017 Асад аз аслиҳаи кимёвӣ дар Хан- Шайхун истифода бурдааст» нависад, дар ВАО – ҳои Россия менависад, ки « бо бомбаронии осмонии Асад якчанд амборҳои мухолифат, ки аслиҳаи кимёвӣ нигоҳ дошта мешуд нобуд карда шудаанд».

Дигаргун сохтани факт, дар он намоён мешавад, ки ин ё он ҳодиса ё ҷараёнро: нафаре «бекорӣ» мегӯяд, дигарон «шуғли нопурра».
Барои ҳамин фактро дида тавонистан, яъне ҳодисаи рӯйдодаро аз андеша фарқ кардан, дарёфти дигаргуншудани фактҳоро донистан зарур аст.

Факт (лат. Factum — далел) — донишҳое, ки дар шакли тасдиқшуда, дурустии он муайян карда шудааст.

Афкор – муҳокимаи нуқтаи назар ё мавзӯъ, ки дар он пурра барқарор намудани ҳақиқат имконнопазир буда, аз тайғирёбии фактҳо асос ёфтааст ва муносибати эҳсосоти нисбати онҳо.

Далел, ин аст, ки ҳақиқатро исбот кардан заруруат надорад, он аст, ки ҳақиқати ба ҳама маълум ё ин ки онро тафтиш кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ бо далелҳо рӯбарӯ шуда идроки мо таранг намешавад, онро дарк кардан, бовар кардан ё не, балки бе ягон танқид ҳамчун ассонок қабул мекунад. Муқаррар шудааст, ки байни шумораи муайяни далелҳо, ногоҳ андешае ҳамроҳ шуда мемонад, дар ин ҳолат низ бо танқиди камтар ин далел қабул мешавад.

Масалан, алҳол саҳар, шумо маводи навро омӯхта истодаед, мавод – китоби захиравӣ оиди расонаҳо ва саводнокии расонавӣ. Бе ин донишҳо шумо қарори дуруст қабул карда нметавонед.
Пас аз баёни се фикр, ки боваринок ҳастанд, чаҳорумаш дуруст қабул карда мешавад, назар ба алоҳида ё дар қатори дигар фикрҳо.
Дар воқеиат бошад фикри чорум ҳақиқати баҳснопазир нест.

Ба имкониятҳои манипулиятивӣ дар ВАО инчунин аз шарҳ додан ва эъзоҳ додан ба делелҳо низ иборат аст. Сатҳи ҷавобгарии иҷтимоии
рӯзноманигор муайян мекунад: дар кадом порчаи матн дохил кардани далел, бо кадом суханҳо тасвир кардани он, чиро таъкид мекунад, дар бораи чӣ намегӯяд, чӣ тавр баҳогузорӣ мекунад. Дар ин ҷо воситаи манипулятсия инчунин нафрат ва хусумат низ шуда метавонад. Бо кадом калимаҳо ҳодиса тасвир шудааст, он чӣ тавр баҳогузорӣ мешавад, дар хонанда/тамошобин чӣ гуна эҳсосот пайдо мешавад. (муфассал оиди «забони хусумат» дар матнҳои дарси 4; « Таъсири иттилотт ба одам»)

Усулҳои манипулятсияи сиёсӣ, ки дар ВАО истифода мешаванд

Барои решакан кардани овозаҳои бардурғи иҷтимоӣ технологияи манипулятсия, арсенали зиёди усулҳои махсус барои таъсир расонидан ба мафкураи одамон истифода мешаванд. Яке аз усулҳои асосӣ бо воситаи он ВАО манипулятсияро ба амал мебарорад иттилоот,
аниқтараш бо он идора кардан мебошад.

пешина
аз 126
навбатӣ