Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Саводнокии иттилоотӣ – ин қобилияти интихоб карда тавонистан, фахмидан, бахо додан, истифода бурдан, эъчод кардан ва пешниҳод кардани маълумот аст. Шахсоне, ки саводнокии иттилоотиро омӯхтаанд қобилияти таффакури интиқодӣ дошта бошанд, маълумотҳоро таҳлил ва истифода бурда тавонанд.
Мавҳуми саводнокии иттилоотӣ дараҷаи васеи дониш ва малакаро талаб мекунад.
Саводнокии иттилоотӣ қобилиятҳои зеринро дар бар мегирад:
• Муайян ва эътироф намудани зарурати маълумот;
• Муайян намудани манбаи маълумот;
• Дарёфт ва гирифтани маълумот;
• Таҳлил ва баҳогузори намудани сифати маълумоти гирифташуда;
• Ба тартиб даровардан, нигоҳ доштан ва гурӯҳбандӣ намудани маълумотҳо;
• Бо назардошти фарҳанг, касбӣ ва самаранок истифода бурдани маълумот;
• Эъҷод ва паҳн намудани ғояҳои нав.
Саводнокии рассонавӣ – қобилияти қабул кардан, таҳлил ва баҳогузор намудани тасвирҳои арзбишуда, овоз ва пайёмҳо, инчунин қобилияти иртибот дар шабакаҳои муосир барои истифодабарии шахсӣ.
Саводнокии итттилоотӣ дар худ салоҳиятҳои зеринро дар бар мегирад:
• Эстетикӣ ва эъҷодӣ: қобилияти дарк кардан, эъҷод ва тасфири мундариҷаи расонавӣ. Дар раванди бо иттилоот сару кор доштан қобилиятҳои мазкурро хонандагон дар худ пайдо дода метавонад.
• Муошират ва коммуникатсия: қобилият дар муошират бо воситаи расонаҳо ва дар худ пайдо намудани нақшҳои расонавӣ, яъне дар нақши истеҳмолкунанда ва таъминкунандаи иттилоот бошад. Хонагдагон дар раванди ҳамкорӣ ва таҷриба ин қобилиятҳоро дар худ пайдо мекунанд. Инчунин малакаи муошират ба хонандагон дар нуқтаи назари худро изҳор кардан кӯмак мерасонад.
• Тафаккури интиқодӣ ва таҳлил: қобилияти дарк кардан, шарҳ ва баҳогузорӣ кардани қолабҳои расонаҳои иттилоотӣ ва мундариҷаи расонавӣ бо воситаи таҳлилҳои гуногун.
• Истифодабарии бехатар: ҳал намудани муаммоҳо ва аз ҳолатҳои ногувор канораҷӯӣ намудан. Дар шабакаи Интернетӣ бошад, ҳаёти шахсии худро ҳифз карда тавонистан, аз мундариҷа ва алоқаҳои хатарнок эҳтиёт шудан.
• Расона ва саводнокии иттилоото – ин самаранок истифода бурдан аз расонаҳо бо воситаи расонаҳои истифодабарии оммавӣ (китобхонаҳо, бойгониҳо, музейҳо). Онҳо бо таффакури интиқодӣ зич алоқаманд буда дар давоми ҳаёт барои худдонишомӯзӣ мусоидат мекунад, ки ин барои иҷтимоикунони ва фаъолшавӣ дар ҷомеа зарур мебошад.

САВОДИ РАСОНОВӢ ВА ИТТИЛООТӢ ЧИСТ

пешина
аз 126
навбатӣ