САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲО, НАТИҶАҲО
Мақсад – дар хонандагон ба вуҷуд овардани хусусиятҳои истифодабарии бехтар бо воситаҳои коммуникатсионӣ, худнамоишдиҳӣ, бунёд намудани ҷаҳонбинии шахсӣ, дар онҳо бедор намудани талабот барои гирифтани дониш ва таҷриба дар давомӣ зиндагӣро омӯзонидан.
Барои хонандагон зарур аст:
-
дарк, таҳлил карда тавонистан, бо нигоҳи тафаккури интиқодӣ баҳогузорӣ намудани иттилоот дар расонаҳо, дар садо ва симо, кинофилмҳо, дар шабакаҳои Интернетӣ ва дар дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ;
-
дарк карда тавонистани сабаб ва эъҷод шудани пайёмҳо дар расонаҳои гуногун ва бо назардошти он интихоб намудани маълумоти дақиқ;
-
самаранок ва софдилона истифода бурдан аз иттилооти оммавӣ дар расонаҳои гуногун ва имкониятҳои технологиҳои иттилоотӣ;
-
эъҷоди намудҳои гуногуни пайёмҳои хабарӣ;
-
баҳогузории нақши воситаҳои расонаи оммавӣ, дарки ҳолатҳое, ки ба вуқӯъ мепайвандад.
Натиҷаи интизориҳо аз хонандагони синфҳои 9 -11
- дарк намудани оқибати мазмуни иттилоот ба шахсият, ҷомеа, ташаккули маданӣ;
- бо ҳисси ҷавобгарӣ истифода бурдани озодии сухан, фаҳмидани сарҳадҳои он;
- бо нигоҳи танқидӣ истифода бурда тавонистани иттилоот, шарҳи ҳодиса ва рӯйдодҳо, бо воситаи расонаҳо дастрас мешаван;
- бо ҳисси ҳавобгарӣ, асоснок ва бомаданият дар воситаҳои виртуалии расонаҳо муошират кардан, эъҷод ва паҳн намудани иттилоот дар расонаҳо;
- дар муошират бо воситаи виртуалӣ аз ҳамгуна маълумотҳои зароровар ва таҳқиркунанда дур шудан;
- аз иттилооти оммавии бомаъсулят омода шуда иттилооти бардуруғ, фармоиш шуда, боғразона омода шударо дарёфт ва ҷудо карда тавонистан;
- фаҳмонида тавонистани –баро чӣ одамлон як иттилоттро ҳар гуна қабул мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё