Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

2.1. ИНФОРМАЦИОННЫЕ СТАНДАРТЫ

Инак, дар асоси Деклоратсияҳои байналхалқӣ, Кодексҳои миллӣ ва дигар санадҳои зарурӣ медиа-эксперҳо стандартҳои ҷурналистикаро коркард намуданд, ки асосиҳои он мебошанд: тавозуни афкор ва нуқтаи назар, опретивӣ (барои нашрияҳои интернетӣ ин стандартҳо каме тайғир дода шудаанд), саҳеҳӣ (далел оварда ба сарчашмаҳо), далелҳоро аз эъзоҳ фарқ кардан, дақиқӣ ва пуррагӣ. Ҳамчунон бо стандарти алоҳида: дастрас (оддӣ) будани матни расона, хеле иттлооти дақиқро аз ҷамъият «пӯшидан», масалан бо истифода бурдани калиами мураккаби мухтасаршуда, лексикаи мураккаб ва ғайра.

Ин стандартҳоро саҳеҳ дида мебароем:

Тавозуни фикр ва нуқтаи назар – дар мавод пешниҳоди афкори тарафҳои муноқишакунанда бо далелҳои худ. Дар асоси ахлоқи меъёрии ҷурналистикаи касбӣ «нуқтаи назари ҳарифон, аз ҷумла, онҳое, ки объекти танқиди рӯзноманигор шудааст бояд дар асоси тавозун пешниҳод шаванд». Инчунин аз рӯи имконият экспертҳои озод баҳогузорӣ намоянд.

Оперативӣ – ин суръати интишори хабарҳои дар сайтҳо ё ба эфир додан.
Стандарти мазкур бевосита бо ҳуқуқи инсон барои гирифтани маълумоти маълумоти дақиқ алоқаманд буда, иттилооти дар вақташ дода нашуда, ё қисм – қисм пешниҳод шуда барои гирифтани маълумоти пурра оиди рӯйдодҳо имконият намедиҳад. Аз ин лиҳоз принсиптои байналхалқии этикаи ҷурналистӣ (ЮНЕСКО) ро ба ёд меорем: «омма ва шаҳрвандон дар алоҳидагӣ ҳуқуқи дидани акси объективи бо воситаи гирифтани маълумоти саҳеҳ ва дақиқ, ифшо намудани нуқтаи назари худ бо воситаи ВАО, ҳамчун воситаи алоқа ва ивази фарҳанг мебошад доранд. (принсипи 1). Барои интернет – нашрияҳо , табиист, ки оперативӣ – пайдо шудани хабар дар бораи рӯйдод ҳамон лаҳза ва дақиқа мебошад. Амма на ҳама вақт имкони риоя кардани стандарти оперативӣ бо дигар стандартҳо – дақиқ ва пурра. Барои ҷамъ намудани шарҳҳо ва баҳогузории экспертон вақт лозим аст. Бинобар ин медиа-экспертҳо вайрон кардани стандарти оперативиро дар интернет – нашрияҳо, дар ҳолате, ки оиди рӯйдод дар давоми 24 соат интишор мекунанд муайн менамоянд (ё ин ки , дар ҳолати зарурият илова/ таҳрир бо таври фавръй маводи интишоршуда, агар ҳамин гуна илова/ таҳрир дар давоми ҳамин соат пешниҳод нашуда бошад).

пешина
аз 126
навбатӣ