Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҷараёни ҷаҳоншавии иттилоотии ҷомеа вазифаҳои навро дар назди системаи маориф гузошта истодааст. Дар раванди ҳал намудани муаммоҳои мазкур истифода бурдани технологияҳои информатсионӣ ҷои алоҳидаро ишғол мекунад. Ин аз омӯзгор дониш ва маҳорати баланд дар истифода бурдани воситаҳои технологияҳои коммуникатсиониро талаб мекунад. Барои баланд бардоштани рушди зеҳнӣ, эъҷодӣ, дарки қобилият, ва иқтидори хонандагон, бояд худи омӯзгор аз болои худ кор кунанд ва иқтидори худро баланд намояд.

Мақсаднок ва боандеша дохил намудани воситаҳои муосири информатсионӣ ба раванди илму-тарбия, дар ташаккули мустақилонаи эъҷодӣ ва озодона бохабар шудан аз иттилооотҳои дар расонаҳои вуҷуд дошта мусоидат мекунад.

Барои омӯхтани муҳити атроф ба шахс расонаҳои муосир ҳамчун маҷмӯи воситаиҳо хизмат мекунад.

Хусусятҳои мултимедиявӣ, интерактиқӣ, мукаммалшавӣ, муоширати хуб, сермаҳсулӣ барои коркарди маҳсули расонаҳо, ки барои таълим пешбинӣ шуда ва омӯзиши технологияҳои информатсионӣ мусоидат мекунад.

Технологияҳои муосири информатсионӣ ва коммуникативӣ барои фардигардонӣ ва фаъолшавии раванди таълим имконият медиҳад.

Расонаҳо дигаргуниҳои ҷидди дар мазмун ва усулҳои таълим ворид месозад. Медиаи электронӣ барои хубтар дарк намудан ва дар хотир нигоҳ доштани маводҳо имконият фароҳам меорад, имкониятҳои бой тарбиявӣ дошта, дар хонандагон ҳавасманди барои омӯзиш бедор мекунад.

Баҳисобгирии маънавӣ-педагогии хусусиятҳои истифодабарии расонаҳои электронӣ дар раванди таълиму тарбия дар дигаргунсозии системаи маориф роли муҳимро мебозад.

Дарк кардан ва ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳо ба омӯзгори муосир имконият медиҳад, ки фаъолияти худро бо назардошти дигаргуниҳои замонавӣ дар олами информатсионӣ, талаботҳои нави информатсионии кӯдакони наврасон ба роҳ монад. Дар ин доира муаммоҳои гуногуни ба пеш омадаро аниқ ва возеҳ ба роҳ монда, моҳирона расонаҳоро дар раванди баланд бардоштани маҳорати касбӣ истифода мебарад.

пешина
аз 126
навбатӣ