САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Яке аз воситаи дидактивӣ, ки дорои иқтидори рушд аст, технологияи мултимедиявӣ мебошад.
Мавҳуми «мултимедиявӣ»: матн, графика, мултипликатсия, видео ва овоз мебошад.
Истилоҳи «мултимедиа» аз якҷояшавии ду калима – мулти ( аз калиами лотинӣ гирифта шуда – бисёр, аз қисмҳои зиёд ташкил ёфта,
мураккаб) ва медиа (миёна, восита) иборат мебошад. Инак тарҷумаи мултимедиа – воситаҳои бисёр мебошад.
Омӯзиши анъанавӣ дар ҳақиқат аз пешниҳоди иттилооти вербали (шифоҳӣ) асос гирифтааст, Усули шифоҳии расонидани дониш, ин баён намудани иттилоот хаттӣ, абстрактӣ, ниҳоят батафсил мебошад. Аз хонадагон вақти бисёр барои хондан ва дар хаёл тасвир кардани маводи хонда шуда талаб карда мешавад. Дар байни норасоиҳо пешниҳоди дағали қолаб ва ҳаҷм, равиши баён, як сатҳи муфассал, ураккаб пешниҳод намудани иттилоот барои ҳамаи хонандагон мебошанд.
Далелҳои мақбули омма – ақли инсонӣ асосан ба қабули визуалӣ (бо чашм дидан) такя мекунад, дар ҳолати дидани чизе одамон якбора маълумот мегиранд. Маҳз технологияҳои информатсионӣ мултимедиявӣ барои пешниҳод намудани маълумоти комилан мувофиқ бо дарки равонӣ – бештар нусхаи онро ба таври возех, шифоҳӣ – мантиқӣпешниҳод мекунад.
Мултимедия – ин нафақат ташаккули иттилооти шифоҳии технология нав, балки усули нави бо аёният расонидани дониш дар асоси дидактивӣ, ки ба дигар асосоҳо такя мекунад. Мултимедиаи таълимӣ хусусиятҳои зеринро дар бар мегирад:
-
Тасвирӣ-иттилоотӣ (расонидани иттилооти таълимиро ҳам бо воситаи маълумот ва ҳам бо намоиши тасвир);
-
Когнитивӣ (шифоҳӣ имконият медиҳад, ки объекти омӯхташудаистодаро мукаммал омӯхта, аз дигаргуншавии онро мушохида кардан);
-
Эҳсосӣ-воқеӣ (дар айни вақт дигаргуншавии объекти омӯхташудаистода дар экран хонандаро ба ҳолати эҳсосӣ қабул, таҳлил кардан
ва омӯхтан мусоидат мекунад); -
Интерактивӣ-зеҳнӣ (мантиқи барномарезӣ шуда дар бо айёният «мушорат» намуда онро омӯхтан, дарк намудан, раванди қабул, дар хотир доштани иттилоот мусоидат мекунад.
Дар сифати усули таълимӣ методи видеоӣ (видеометод) ро алоҳида қайд кардан лозим аст, ки дар пешниҳоди дониш, барои ташкили азорат, такроркунӣ, умумикунонӣ истифода бурда мешавад. Ин усул дар қабули шифоҳии иттилоот асос гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё