Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Қадами 1.Нишон додани ду сурат:
Қадами 2. Пурсидани ин ки кадоме аз суратҳо фейк асту кадоме бозии воқеии айфон?
Қадами 3.Назди тахта хондани довталаб. Аз ӯ хостан, ки аломатҳои мушаххаскунандаи фейк ва ғайрифейкро дар тахта бинависад. Аз донишҷӯёни
дигар пурсидани ёрӣ барои пурра кардани принсипҳо.
Барои ёрӣ ба омӯзгор:

  1. Як тасвири воқеӣ (аз интернет-мағозаи “Светофор”») дар он ишора шудааст, ки кӣ бозиро мегузаронад; ташаббускори бозиро дар “оф-лайн”
    ёфтан ва (аз рӯи телефон, суроға зикр ёфтааст) дар бораи озмун маълумоти дақиқ гирифтан мумкин аст. Аз рӯи тасвири озмун ҳадафҳои
    бозӣ, ки иборат аз афзудани шумораи муштариёни саҳифаи мағозаи “Светафор” дар фейсбук мебошад, равшан аст.
  2. Тасвир-фейк: саховате, ки бо сухан наметавон гуфт. Дар матн ҷумлаҳое, ки алакай дар фейкҳои пешина мавҷуд буданд, аз қабили “дунёи ба
    пул девонаро дӯст намедорам“, рақами телефон ва шахсияти муаллиф маълум нест.
    Дар идома шарҳ бояд дод, ки бозиҳои воқеӣ давом доранд, зеро барои ташаббускорон ин роҳи суду даромад ва ҳимояи нуфуз мебошад. Масалан,
    дар саҳифаи фейсбук наворе паҳн шуда буд, ки дар он бо низоми “рэндом” (интихоби рақамҳои тасодуфӣ) ғолиби озмун муайян гардида буд.
    Ба донишҷӯён фаҳмонидани ин ки дар саҳифаи фейсбукии мағозаи “Светафор” навори интихоби ғолиб ва баъдтар акси ӯ гузошта шуда буд.
    Ҳадафҳои фейкҳо метавонанд гуногун бошанд. Аввалан, ҳадафи онҳо қаллобист. Дар ҳолати бозӣ бо айфон аз шумо метавонанд хоҳиш
    кунанд, ки пул фиристед ва мисли шумо ҳазорон нафарони дигар ҳастанд. Дар ҳолати бо манзили зист рух додани чунин воқеа, ин метавонад таблиғоти вирусдори ширкате бошад, ки ба сохтмони манзил машғул аст. Одамон таваҷҷуҳ доранд ва бозиро ҳамеша тавассути қаллобон метавон ба роҳ монд. Ё худ ин фақат контенти махсус аст, ки шумораи зиёраткунандагони ин ё он мавзеъро зиёд
    мекунад.
пешина
аз 126
навбатӣ