Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Васоити ахбори омма дар бисёр маврид дурӯғ намегӯянд. Онҳо сарчашмаи асосии иттилот ба гурӯҳи зиёди одамон мебошанд. Ин ду дарсро мо бо
овардани ҳолатҳое омӯхтем, ки бо иттилои тариқи ВАО пахш шуда алоқаманд
мебошанд. Ин ду дарс ба мо танқидона муносибат кардан ба иттилоотро омӯзониданд. Ин маънои онро надорад, ки шумо хондани рӯзнома ва тамошои телевизионро бо бовар кунонидани атрофиён ба он ки журналистон дурӯғӯ ва фурухта
шудаанд, қатъ кунед. Ҳоло бе иттилоъ мондан зараровар аст. мақасади ин дарсҳо нишон додани он аст, ки иттилоъро бояд бо назари интиқодӣ дид. Бояд ба худ
савол дод ва дар он бора фикр кард, бояд маълумоти иловагиро ҷустуҷӯ намуд, ва
иҷозат надод, ки ягон иттилоъ шуури моро идора кунад. Беш аз ҳама бояд матлаби
сифатнокро талаб намуд. Ин ба мисли он ки шумо нони навпухташударо хӯрдан
мехоҳед на нонбурдаҳои хушкшудаву куҳнашударо. Агар як мағоза танҳо чунин
нонҳои куҳнашударо фурӯшаду мағозаи дигар нонҳои навпухташударо ба савдо гузорад, ба кадоми он мағозаҳо муроҷиат мекунед? Бо иттилоот низ муносибат бояд
чунингуна бошад. шумо истеъмолгари он ҳастед ва дар интихоби воситаи иттилоърасон ҳуқуқ доред. Боз бояд таъкид кард, ки ВАО аксари вақт фақат рост мегӯяд.

пешина
аз 126
навбатӣ