САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданТафаккури интиқодӣ - ин ҷустуҷӯи дарки солим аст: чӣ гуна мантиқан қарор додан ва
амал кардан, бо назардошти нуқтаи назари худ ва дигар ақидаҳо, ин қобилияти рад
карда тавонистани ақидаи худ мебошад. Тафаккури интиқодӣ, қобилияти пешниҳоди
ғояҳои нав ва имкониятҳои нав мебошад, ин дар ҳалли проблемаҳо хеле муҳим аст.
Қадами 1. Саволҳо ба синф.
- Далел (факт) чист?
- Ақида чист?
Қадами 2. Ба ҷавобҳои хонандагон (донишҷӯён) гӯш диҳед.
Қадами 3. Фаҳмонед, ки факт ва ақида чист? Мисолҳоро пешниҳод кунед.
Факт аз калимаи лотинӣ factum гирифта шуда, мазмунаш ба анҷом расида мебошад. Бо маънои васеъ, бо калимаи ҳақиқат; ҳодисаи рӯй дода: як воқеа ё натиҷа,
ки ҳақист, яъне хаёлӣ нест. Мо ҳоло дар мактаб ҳастем, ин ҳақиқат аст. «Номи донишҷӯ» дар назди ман нишастааст - ин низ як далел аст.
«Мо асосҳои саводнокии расонавиро меомӯзем, зеро ин метавонад дар оянда ба
мо муфид бошад».
Савол: Ин ҳақиқат ё ақида аст?
Мо асосҳои саводнокии расонавиро меомӯзем, ин ҳақиқат аст. Ва изҳороте, ки метавонад ба мо дар оянда муфид бошад, ин факт нест, зеро ин ҳолат ҳанӯз анҷом
наёфтааст, ин ақида аст.
Фикр - ин ақидаронӣ, нуқтаи назар ё баёния дар мавзӯи муайян мебошад.
Масалан, Айбек барои ихтисоси духтуриро гирифтан тайерӣ дида истодааст, бинобар ин ӯ фанҳои биология ва химияро чуқур омӯхта истодааст. Ин ҳақиқат аст. Ӯ
омӯзиш гузашта истодааст, китобҳои дарсӣ мехонад, иловатан машғулиятҳо дорад.
Ва ман мегӯям: «Ба назарам, аз ту духтури хубе мебарояд». Ин як фикр аст, зеро
дар асл, ҳолати табиб шудани Айбек, ҳоло амалӣ нашудааст.
Қадами 4. Варақаҳоро ба як ҳар як миз яктогӣ тақсим кунед, ки дар он ду ҷумлаи
тақрибан якхела навишта шудааст. Яке аз онҳо факт аст ва дигараш ақида аст.
Вазифа: муайян кардан, ки кадоме аз ин ду баён якеаш факт ва дигараш ақида аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё