Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
яд?! Дар ин маврид “тавофкунанда” ҳам ғалат аст, зеро “тавоф” гирди чизи муқаддасе (масалан, санги Каъба) чарх задан аст ва насрониёни обид даври чизе чарх намегарданд. Миёни насрониён ҳоҷиён ҳам набудагистанд. “Фарҳанги забони тоҷикӣ” калимаи “ҳаҷ” ва “ҳоҷӣ”-ро чунин тафсир додааст: “Зиёрати хонаи Каъба дар моҳи зулхиҷҷа”, “Касе, ки ба зиёрати хонаи Каъба рафтааст”.
Зимнан чунин ба назар меояд, ки мураттибони луғат дар сари ин шуғл бояд маънии калимаи русиро вобаста ба он, ки дар чи мавриде истифода мешавад, тарҷума ва эзоҳ диҳанд.
“валух — қӯчқори ахта”. Инсоф диҳед, охир, агар он ҷонвар кӯчқор аст, ахта нест ва агар ахта бошад, қӯчқораш нагӯянд. Наринаи гӯсфандро агар ахта кунанд, тоҷикони ҳамаи маҳалҳо онро “шишак” мегӯянд.
Фиқраи нахусти эзоҳи калимаи “виза” ба ин сурат омада: “қайди рухсати шахси вазифадор”. Ин ҷумла чӣ маънӣ дорад — ман нафаҳмидам, илло баъди ошноӣ бо матни русӣ. Гумони ғолиб ин аст, ки аксари хонандагон аз он маъниеро пай бурдан наметавонанд. Шарҳи луғати Ожегов: “Пометка должностного лица в документе”. Ҳам ҷумла саҳеҳу ҳам маънӣ — возеҳ.
Ибораи “венерические болезни” дар луғати нав чунин тавзеҳ ёфтааст: “касалиҳои олоти таносул”. Табибе агар ин фирқаро бихонад, бешак, хоҳад гуфт, ки нокардакор, туро ба ин корҳо чӣ кор! Ин тавзеҳ сирф ғалат аст, зеро он мараз ба инсонҳо ба воситаи узви таносул (олот не!) ҳангоми муҷомиат сироят мекунаду тамоми ҷисми одамӣ, ҳатто мағзи сарро бемору иллатнок месозад. Тафсири русии он ҳам чунин аст:
“Инфекционная болезнь, передающаяся главным образом через половые органы...” Дар луғати тарҷумавӣ мебоист, ки ҳатталимкон си-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё