Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
зори касеро нишон додан” тарҷума шудаасту, “серый писатель — нависандаи одмиёна”. “Одмиёна” аслан шакли харобгаштаи “одамиёна” аст, вале дар забони мардумӣ баъзе маҳал ба маънии “миёнаҳол” меояд, аммо дар луғат овардани он ҳоҷат нест. Хоса “серый писатель” маънии “нависандаи миёнаҳол”-ро надорад.
“Серый человек — одами бевиқор”. Маънии калимаи “бевиқор”-ро менигарем: “бетамкин, бесукун, беқарор, шӯрида”. Луғати русӣ маънии ибораи “серый человек”-ро чунин тафсир мекунад: “ничем непримечательный, необразованный, малокультурный”. Ба ҳамин усул, ибораҳои “труженики полей — меҳнатдӯстони саҳро”, “труженники науки — ходимони содиқи илм” ва садҳо дигар калимаю ибораҳо ба ин минвол беҳунарона, таваккалан тарҷума ёфтаанд ва шоҳиди онанд, дар сафи мураттибону муҳаррирони “Луғати русӣ-тоҷикӣ” ашхоси ба ин кори муҳим сирф ноомил кам набудаанд ва мусаввадаи китоб қабл аз нашр аз назари тасҳеҳкори суханшиносе нагузаштааст. Вагарна “ангушташро дар қис кард — он защемил палец дверью”, “хӯроки себора — трехразовое питание”, “бегуноҳи айбдор — невинность подсудимого”, “тухми моҳиҳои сурх — красная икра”, “ҷаллоби чизҳои дуздӣ — скупщик краденного” (ба тоҷикӣ “калламайнахӯр” аст) барин ибораҳои ғалат, дурушт ва ба табиати забони мо бегона ворид намегаштанд.
Аз вазъи имрӯзи забони фасеҳи тоҷикӣ хеле ақиб мондани тарҷума ва тафсири луғат қариб дар ҳар фиқраи он эҳсос мешавад. Албатта, на ба ҳар дидаваре ва корозмудае чобукандешии луғатсозони собиқ — Деҳотӣ ва Раҳимӣ насибаст, аммо беғалат кор кардан ин сеҳрофаринӣ нест, тақозои инсофу виҷдони ҳар кас аст.
“Яловый — қисир”. Ба тоҷикии фасеҳ ин маъниро “субайд” ё “бебор” гӯянд. Агар тоҷикони баъзе маҳалҳо “қисар” гӯянд ҳам, ба фикри мо, лозим набуд, ин калима ҷои ка-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё