Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ҳар як амали инсон, аз ин ҷумла, ҳар як асари адиб ҳам аксе аз афкору ақидаи ӯст, як навъ қолиби рӯзгори вай аст. Гулчеҳра-ойтӣ дар ҳар як шеъри худ масъулияти бузурги худро дар назди ҳаводорони шеър собит мекунад. Образҳои зебое, ки шоира ба борикиву нозукадоиҳо офаридааст, дар дили ҳазорон ҳаводорони адабиёт зояндаи афкори зебост ва он афкори зебо билошак дар ҳар гӯша ҳаёти зеборо тавлид мекунад.
…Сӣ айвони барҳаво,
Сӣ манзари дилкушо,
Сӣ шаршараи хандон,
Сӣ оғилу сӣ каҳдон,
Сӣ танӯр кулча дорад,
Сӣ ҳавли бача дорад,
Сӣ чароғи сари раҳ
Чи хуш деҳи пурфараҳ!..
Низомӣ фармуда: “Худруста дигар бошаду барбаста дигар” Аз ин меъёр шеъри Гулчеҳра шеърест аз сохтагиҳо ва бофтагиҳо мубарро, шеъри табиӣ ва худруста аст.
Имсол нашриёти “Адиб” осори мунтахаби адибаи ширинадоро интишор мекунад. Ман қабл аз ин ҳам ба баъзе китобҳои Гулчеҳра-ойтӣ муҳаррир будам. Шоира, ба монанди баъзе адибони мо, ба фикри муҳаррир беэътино нест ва аз серталабиҳои ӯ намеранҷад.
Аслан агар ба дурустӣ биандешем, чашми муҳаррири сахтгир ҳам ба монанди шӯълаи хуршеди баланди нимарӯзи тобистон тангноҳо ва кунҷу камари басо ноаёни осори адибро баъзан барои худи ӯ низ равшан мекунад, ба ӯ боре имкон медиҳад, ки ба асараш аз манзари чашми дигарон нигарад. Чунон ки нури баланди офтоб фақат ба дидагони солим файзбахш аст ва ба чашмони хираю бе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё