Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
-ёмбар набошад ҳам, муҳаққиқи табақаҳои гуногуни зиндагӣ бояд бошад.
Ҳикоя, повест, роман — ҳама модели ҳаёт, ҳар яке лахте аз зиндагии воқеист ва бояд, ки дар қалби хонанда ҳатман ё муҳаббат, ё нафрат ангезад. Агар асари адиб дар дилҳо чунин эҳсос пайдо накунад, ҷаҳдаш ҳама беҳуда аст, насиби ранҷи ӯ ногузир фаромӯшию гумномист.
Ба ақидаи Шумо дар насри ҷавонон чӣ равияҳои ҷолиб ба назар мерасанд?
Дар бобати мафҳуми ҷавонон дар афкори аҳли адаб ихтилоф мавҷуд аст. Баъзеҳо гурӯҳи баъди мо ба арсаи наср ворид омада — Муаззама, Баҳманёр, Ҷонибек Акобиров, Сайф Раҳимов ва ҳамсолони онҳоро ба доираи ҷавонон дохил мекунанд. Синни аксари ин тӯда аллакай даври чил аст ва ҳар яке дорои ду-се китобанд.
Ба фикри ман, имрӯз онҳоро ҷавон гуфтан нашояд.
Гурӯҳе, ки аз қафои онон меояд, агарчи синнашон даври сӣ аст, дар назари ман чунин меояд, ки эҷодиёташон ҳанӯз равшан ташаккул нагирифтааст ва садои хосу фарқкунанда боло накардаанд.
Аз ин ваҷҳ ман дар ҷавоби ин савол сахтӣ мекашам.
Кадом омилҳо ба пешрафти насри муосир халал мерасонад?
Имрӯз миёни мардумони мутамаддини дунё шаҳсутуни асосии адабиёт наср аст ва ба мураккабтарин саволҳо ва эҳтиёҷи маънавии хонандагон ҷавоб мегӯяд.
Дар маҷлису кунгураҳо, базму сур ва мулоқоти адибону хонандагон чунин ба мушоҳада мерасад, ки ашхоси аз китобхонӣ вомондаро аз ҳарфи нахустини онон, ки ба забон меоваранд, шинохтан метавон. Дар ин гуфта ҳеҷ муболаға нест. Забони фасеҳи тоҷикӣ рӯзафзун тағйир мепазирад ва касоне, ки дар тӯли 20-30 соли охир аз сари шавқ китобе нахондаанд ногузир ба услуби солҳои панҷоҳум ё зери таъсири сабки рӯзномаҳо сухан мегӯянд.
Баъзан аз нодонӣ аз китоб нахондани худ ҳатто зиёиён, раҳбарони идораҳо хиҷолат намекашанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё