Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Доири ин матлаб боз як нуқтаро гуфтаниам. Солҳои охир маҷаллаи “Огонёк” аз даҳон афтода ва камравнақ монда буд. Чун адиби шинохта Виталий Каротичро ба он сармуҳаррир таъин карданд ин нашрия дубора ҷон гирифт, ҳоло шумораҳои онро хонандагон даст ба даст дода мехонанд. Дар Тоҷикистони мо ба ин усули санҷида чаро пайравӣ намекунанд? Ё худ дар кишвари мо нашрияҳои фурӯмонда ва беравнақ каманд? Маҷаллаи “Садои Шарқ”, ки обуначиёнаш нимагӣ кам гаштанд, дар вазъи пешина “Огонёк” нест?!
Сабаби дигаре, ки равнақи насри моро халал меоварад, ба тарғиби адабиёти бадеъ алоқаманд аст. Бояд, ки нашриёти мо ҳар сол маҷмӯаи ҳикояҳо ва қиссаҳои соли рафтаро дар шакли китоби алоҳида нашр кунад, зеро то ба табъ расидани китоби алоҳидаи муаллиф баъзан солҳои зиёд мегузарад.
Адибони мо ҳам орзуманданд, ки замоне мерасад ва маҷаллаю рӯзномаҳо, колхозу корҳонаҳои мо ҳам аз кори республикаҳои бародарӣ ибрат мегиранду барои ҳикояву қиссаҳои беҳтарини сол ҷоизаҳо таъин мекунанд.
Аз чи бошад, ки дар радио ва телевизион, агар аз боби тарғиби адабиёт сухан ояд, шеъри худро хондани се-чор тан шоирон ва сӯҳбати мунаққидонро мисол меоваранд. Солҳост, ки тарғиби наср аз назари ходимони телевизиони мо афтодааст. Ба гумонам дар миёни онон шахсоне, ки аз шеърхонӣ ба мутолиаи наср гузашта бошанд, ҳанӯз нестанд. Вагарна нависанда бо ҳикоёти шавқангези худ, мушоҳадаҳои борик ва такопуҳои худ дар паи эҷоди асараш диққати ҳазорон тамошобинонро ҷалб кардан метавонад.
Ба равнақи насри ҳақиқӣ баъзе аз ҳавасмандони адабиёт ва адибтарошони дар ин касб беистеъдод низ халалҳо овардаанд. Ин тоифа осори аз мазмуни баланд ва ҳунари нависандагӣ бебаҳраи худро интишор дода, бо ин усул хонандаро аз мутолиаи наср дилмонда мекунанд.
Ман боре дар яке аз мақолаҳоям аз боби истеъдоди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё