Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нос ва маънирас сахт мушкил аст. Мебоист, ки дар ин синн ва баъди чандинсолина таҷрибабардориҳо дар касби нависандагӣ Сорбон пухтагӯйтар, мантиқи каломаш қавитар мегашт, беғилу ғаш, саҳеҳу ҷиддӣ андешида қалам меронд. Аммо ман дар сари бисёр ҷумлаҳои вай “пешпо” мехӯрдам ва ҳайрон будам: мантиқ — заъиф, ҳадди тамкину адаб — рахна, хоксорию фурӯтании ӯро чи шуд, ин қадар худнамоӣ аз куҷо?.. Хуб, ба асари ӯ баҳои дилхоҳашро надодаанд, фардо ҳаст, хонанда ҳаст, ҳаками ҳақиқӣ вай аст.
Мегӯянд, ки ғуломро бо “ҳой боракаллоҳ” куштаанд. Ба фикрам, Сорбонро дӯстонаш бо таърифҳои беасос баъзан саргардон карданд. Ӯ марди ғайратманд, заҳматписанд ва пуркор аст ва ғолибан тоифае аз ёронаш баъзан баҳудаю беҳуда ӯро таҳсин карданд, ҷои он, ки аз рӯи ғамхорӣ, дӯстона ҳақиқати корашро ба вай ошкоро бигӯянд, боракаллаҳгӯ буданд. Вагарна, ки намедонад, ки на фақат романи “Актёр”, балки бисёр асарҳои дигари ӯро низ бо шавқи дил хондан мушкил аст. Ман дар сари иншои ин сатрҳо аз бисёр рафиқон пурсон будам, ки романи “Актёр”-и ӯро то охир хондаанд ё не. Ҷавобҳо аксар якранг буданд: нахондаанд, хонда натавонистаанд. Фақат се-чор тан мунаққидон ва як-ду нафар аз адибон гуфтанд, ки ба тақозои вазифадорӣ ба сахтӣ онро хондаанд.
Аммо Сорбон фирефтаи занги телефонҳо ба мунаққидон дарафтодааст, ки онҳо қимати асари ӯро намефаҳманд. Вақте ки асари адибро хонандагон намехонанд ё нима-нимкола хонда аз даст мениҳанд, мунаққидон ба сахтӣ мехонанду бебарории ӯро дарак медиҳанд, ба ин ҳукм гӯш надодан худфиребӣ нест магар? Ҳол он ки Сорбон боист, ки аз мунаққидон миннатпазир мегашт:
ҳамқаламони ӯ бист сол қабл аз ин нахустин асарҳои ӯро хонда, афкореро, ки мунаққидон имрӯз мегӯянд гӯшзад карда буданд. Аҷаб не, Муҳаммадҷон Шукуров аз он айём то имрӯз ба некбинии махсуси худ тавфиқи адиби

пешина
аз 393
навбатӣ