Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

таҳам кардани як тан адиб санадҳои қавитар лозиманд.
Панҷ ангушт баробар не, ҳар кас ба қадри фаҳмишу идрок ва қобилияти худ, ба андозаи сарвати ҷаҳони ботинаш эҷод мекунад. Истеъдоди каси дигарро на костан метавон на куштан, аммо қобилияти андакро аз бесомонӣ каме ба низом овардан мумкин аст. Вале дар ин майдон муросою мадоро оқибат бар зарари адабиёт ва адибон анҷом меёбад.
Баҳори ҳамин сол бо ташаббуси Комитети Марказии комсомоли республика ман дар яке аз боғоти мусаффои дараи Варзоб бо ҷавонони навхона мулоқӣ будам.
Зимни сӯҳбат гилагузорӣ кардам, ки духтарону ҷавонон кам китоб мехонанд. Дар ҷавоби ман арӯсаки хушлаҳҷае бархосту гуфт, ки китобҳои адибони мо шавқовар нестанд, чунон дилгир мекунанд, ки чор саҳифа нахонда, хоби кас меояд. Чӣ гӯям, ки вай ҳақиқати ҳолро мегуфт.
Ба ҳар навишта ва гуфтори худ ҷалби диққат кори саҳл не, мардуми имрӯзро фақат бар асари сухани зарурӣ, каломи саршор аз хирад ва ҳикмати рӯзгорон метавон ҷалби эътибор кард. Намехоҳам такмизроб задан, вале ҳарфи дилгир ва рӯҳфарсо бештарин ҳангом аз суханони пучу бемағз бармеояд.
Намедонам, нашриёти тозаасоси мо “Адиб” минбаъд садди ин селоби харобкор гаштан метавонад ё не.
Дар ин бобат кӯмаки мунаққидон зарурати айнулвақт аст. Гурӯҳе хотирҷамъанд аз он ки адабиёт чун уқёнус худро аз ҳар олоише пок месозад. Дар воқеъ, адабиёт кулли осори камарзишро бо гузашти айём таҳлил хоҳад кард, аммо мо имрӯз ба касофати он навиштаҳо хонандаро аз адабиёт дилгир мекунем, аз ғизои ақлу шуур бебаҳра мегузорем. Агар имрӯз аз ин хусус наандешем, фардо дер мешавад: хонандаи моро кино ва осори хеле пухтаи адабиёти рус ва дигар миллатҳои олам ба худ мекашанду ӯ дигар моро аз назари эътибори худ дур месозад. Театри моро ба ҳамин минвол куштанд. Биёед, ки адабиёти тоҷикро мо ба куштан надиҳем! 1987

пешина
аз 393
навбатӣ