Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Аз ҷумла, Самадов гуфт, ки ман ҳар сол аз ҳар адиб як ҳикоя мехондааму бас ва бо чунин мутолиа ба баҳс омехтанам хатост ё ба ҳамин маънӣ.
Аввало, бояд гӯям, ки ӯ қасдан ё ғофилан суханони маро таҳриф карда аст. Дар ҷавоби ман чунин омадааст:
“Тартиби мутолиаи ман чунин аст, ки ҳар сол аз ҳар адиби пурмаҳсул ҳикояте чанд мехонам. Повесту романҳоро бист-сӣ саҳифа мехонам, агар дилгир мекунад, худро ба мутолиа маҷбур намекунам”. (Нигаред: “Садои Шарқ”, №1 1988, саҳ.119) Вақте дар олами адабиёт ҳар моҳ чандин асари олӣ дастраси мо мешавад, кӣ вақти азизро ба мутолиаи афкори заифбунёд ва баъзан пучу беҳудаи адибтарошон харҷ мекунад?!
Муҳаррирон ва муҳаққиқон аз рӯи вазифа ба ночор мехонанд. Ман ҳам бо супориши нашриёт ҳар сол даҳҳо китобҳоро мехонам, тақриз мекунам, ба нашр ҳозир месозам.
Баъдан, ногуфта набошад, ки ман дар он мақола таҳлил ва ё обзори насри имрӯзро ба зимма нагирифтаам, балки аз рӯи ошноиам фикре чанд баён кардаму бас ва он ҳам роҷеъ ба саволҳои маҷалла.
Эроди дигари Самадов ба ин ҷумлаи ман оид буд:
“Дар ҳар ҳолат, имрӯз ба устоди мӯътабар Муҳаммадҷон Шукуров хӯрдагирии Сорбон баробари ба рӯи осмон туф кардан аст...” Гӯё аз ман ба Шукуров дар ин ҷумла тамаллуқ зоҳир гашта бошад, муаллимро ба осмон баробар кардаам!.. Дар идораи маҷалла бахши охири ҷумлаи маро, ки Самадов далел гирифтааст, ихтисор кардаанд, ки чунин буд: — “...ки ба рӯи худи ӯ бозмеафтад”.
Мақоли “Агар ба осмон туф кунӣ, ба рӯи худат меафтад”, чунин маънӣ дорад, ки ба шахси озода ва бегуноҳе агар тӯҳмат бандӣ, худро бадном хоҳӣ кард. Хайрияти кор, устод Шукуров мансабдоре нестанд, ки маро аз эшон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё