Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аммо насрат хубтар омад, домани ин шуғлро сахт бигир...
Агарчӣ шеърҳои китоби нахустини ман “Розҳои маҳтобшаб”-ро баъзе аз хонандагон саросар аз бар медонистанд, ман ба сари дӯкони наср нишастам.
Савол: Имрӯз ҳам шеър мегӯед?
Ҷавоб: Хеле кам. Фақат дар зарурат. Баъзан тарҷума мекунам. Шеъру достонҳои шоири шаҳири рус Михаил Лермонтовро тарҷума кардам.
Савол: Баҳром ака, бигӯед, ки “То соли дигар...” ҳикояи нахустини Шумо бошад ҳам, чаро ба қарибӣ рӯи чопро дид? Яъне, қариб баъди бист сол?
Ҷавоб: Адибон нахустин машқи қалам ва аввалин санҷиши ҳунари худро, асосан, ба нашр намесупоранд.
Хоҳу нохоҳ қадами аввал — лӯкка аст ва асари нахустин бенуқсон ва комил нахоҳад буд. Ман яке аз нахустин ҳикояи худ “То соли дигар...”-ро соли гузашта дигарбора тасҳеҳу такмил карда сипас ба нашр расонидам.
Савол: Фикри Шумо чист — Тоҷикистони мо республикаи мутамаддин аст ё не?
Ҷавоб: Дар дунё ҷаҳониён фақат он мамлакатҳоеро мутамаддин меҳисобанд, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ, сохти сиёсӣ ва маданӣ мақоми баланд доранд. Мардуми тоҷик дар Иттифоқ аз ҳама камтар китоб мехонад (Дар республикаҳои Балтика соле агар ҳар як фард 10-12 китоб харад, дар мо -1!). Ба ғайр аз ин, мардуми диёри мутамаддин ҳамеша бо телевизион ва матбуоти хориҷӣ ошноӣ доранд; озодии сухан... яъне мардумаш фикри худро озод гуфтан тавонад, ҳуқуқи ҳар навъ маълумот ва ахбор ва матлаби ба худаш мақбулро лафзан, хаттӣ, дар шакли бадеъ интишор кардан тавонад; ҳуқуқи онро сарфи назар аз мансаби тааррузкунанда суд муҳофиза карда тавонад...
Вақт аст, ки мамлакати мо низ барои дар сафи мамлакатҳои мутамаддин ҷо гирифтан кӯшише ба кор барад.
Савол: Шумо ҳамчун нависанда мавқеи худро дар

пешина
аз 393
навбатӣ