Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сан садде нест. Китобхони имрӯз барои мутолиаи романҳои ғафс фурсат надорад, кинову телевизион диққати ӯро ба худ мекашад. Бинобар он, ин замон ҳаддалимкон мухтасар ва шавқовар бояд навишт. Ман бештар ҳикоятнависам, агарчи танқиди адабии мо ҳанӯз инро муқаррар накардааст. Дар адабиёти тоҷик, ба гумонам, ҳеҷ адибе дигар ба андозаи ман ҳикоят нанавиштааст. Ҳоҷати пинҳон доштанам нест, ҳоло асаре, ки дар сари он машғулам, роман хоҳад буд.
Савол: Ҳикояти Шумо — “Ҳақиқати талх” чи гуна дар Япония интишор ёфт?
Ҷавоб: Беҳтарин ҳикоёти адибони советиро аз ҳаёти наврасон мураттаб сохтаанд ва ин ҳикояти ман, ки ба забони англисӣ тарҷума гашта ду бор ба нашр расида буд, диққати онҳоро кашидаст.
Савол: Шумо ҳамчун тарҷумони филмҳои бадеъ дар кори кино низ ширкат доред. Бигӯед, ки чаро киностудияи мо филми комилан миллии қимати бадеиаш баландро ба навор гирифта наметавонад?
Ҷавоб: Асоси кинову театр адабиёт аст. Қонуну қоидаи кулли ҳунарҳои бадеъ ба ҳам қаробате доранд. Бемуваффақиятии филмҳои моро сабаби асосӣ аз ҳаёт ва адабиёти тоҷик дур афтодани муаллифони намоишномаҳо ва режиссеру коргардонҳост. Аввало ин касон бояд эҷодкорони соҳибмаърифат ва ҳақиқии миллӣ бошанд на ашхоси раҳомад. Аксари кулли ходимони кинои мо на китоби тоҷикӣ мехонанду на “Адабиёт ва санъат” ва “Садои Шарқ”-ро мутолиа мекунанд. Бо чунин маърифат бо ҳамдастии Маскаву Порис ҳам ҳеҷ асари шоиста офаридан натавон.
Савол: Баъди он ки ҳикояи “Бобо” — ба чехӣ нашр шуд, телевизиони Братислава онро дар шакли саҳнавӣ намоиш дод. Намоишномаи онро худатон навиштед?
Ҷавоб: На, худи онҳо ин амалро ба субут расонданд.
Савол: Дар дӯконҳои китобфурушии шаҳрамон аз

пешина
аз 393
навбатӣ