Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

роки нуқтаҳои борики қиссаи Ҷумъаи Одина ба хонандагони тоҷик ва муҳаққиқони адабиёт осон набуд. Дар миёни зиёиёни мо муҳаққиқони китобхону нуқтафаҳм дар ҳамон солҳо ҳам каму андар кам буданд. Раҳбарон аз руи одати худ, ба асари ҷавони каснописанд ҳаргиз баҳои баланд додан намехостанд...
Соли 1968 маро ба идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” ба кор даъват карданд.
Дар зери боми он иморати якошёна ҳамкорӣ ва дилу водид бо адибони мӯътабари давр, хоса бо Мирзо Турсунзодаю Боқӣ Раҳимзода, Миршакару Шукӯҳӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигарон барои ман барин адиби ҷавон хушбахтии беамсоле буд.
Аз ҷониби дигар, дар ин солҳо ман дар муҳити адабӣ бори нахуст ба марази маҳалгироӣ, ки акнун дар шуури зиёиёни мо реша мезад, дучор гаштам, Дарвоқеъ ҳам, то он рӯзгор мо — ҷавонони эҷодкор дар идораи рӯзномаҳо, радиову телевизион кор мекардем, шабнишиниҳо доштем, осори якдигариро хонда изҳори ақида менамудем, аммо эътиборе намекардем, ки ӯ куҷоист.
Боре маро ҷонишини сармуҳарири нашрияе ба кор даъват кард. Баъдтар донистам, ки ӯ ба исрори шадид сармуҳаррирро ба ин амри худ розӣ карда будаст. Миёни ин ду тан номувофиқатӣ ва номуросоӣ будаст, ман намедонистам. Аз ин сабаб сармуҳаррир ба ман ҳамчун ба “одами ҷонишини худ” — рақиби шарираш киноварона менигаристу ҳар замон хӯрдагирию айбҷӯӣ оғоз мекард.
Албатта, ба ин ҳол, ҳақгӯӣ, саркашию итоатнопазирӣ барин хислатҳои ман ҳам сабаб буданд.
Агар аз рафиқонаш касе ба шӯъба мақолае биёварад, сармуҳаррир ду-се рӯзе аз миён нагузашта ба исрор талаб мекард, ки онро барои нашр ҳозир кунам. Вале ман ин гуна талаби ӯро рад мекардам, мегуфтам, ки мақолаҳои дигарон, ки аз он беҳтару пухтатаранд, солҳо боз навбати интишори худро мепоянд...

пешина
аз 393
навбатӣ