Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба фикрам, солҳои охир ИН як идораи ба адибон нодаркоре гаштааст гӯям, муболаға нахоҳам кард. Бисёр касон соле як бор ҳам ба ин даргоҳ намеоянд. Ман 12 китоб нашр кардам, қариб ҳамаи навиштаҳоям ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудаанд, аз Чехословакия то Япония дар чор-панҷ мамлакати хориҷӣ баъзе ҳикояву қиссаҳоям тарҷума ва нашр шудаанд, дар Маскав нашриёти “Радуга” ҳикоёти маро ду бор ба забони англисӣ ба унвони “Человеку нужна собака” нашр кард. Хулоса, як нафар ходими муқаррарии адабиётам. Лекин дар ИН Тоҷикистон ягон бор осори ман (дигарон ҳам) мавриди муҳокима қарор нагирифтааст. Боре нагуфтандам, ки комёбиам куҷост, кӯтоҳиам чист. Пас, шӯъбаи наср чӣ лозим? Котиб ба кори эҷодӣ чи ҳоҷат аст?
Аз ин аст, ки бисёр адибон дар як сол як бор ҳам ба ИН намеоянд. Агар оянд ҳам, минбаъд фақат як нафар котиб кофист. Маблағи сарфаро ба кумаки адибони пир ва ҷавон харҷ бояд кард.
Ба ғайр аз ин, ҳайати Президиум ва правленияро пурра нав кардан лозим. Ин чи гап аст, ки як умр 6-7 нафар ба сари мо дар раёсат нишинанд! Чаро? Магар дигарон ҳуқуқ надоранд?
Ба гӯш расид, ки як гурӯҳ адибон ассосиатсияи алоҳида ташкил карда, аз ИН ҷудо шудан мехоҳанд, ки ин ҳам эътироз ба усули кӯҳнаи идоравӣ аст, бародарон.
Боист, ки ба раёсат ҳар як адиб аз як-ду навбат зиёд интихоб ё саҳеҳтараш таъин нагардад.
Роҷеъ ба маърӯзаи ҷамъбастӣ чи гӯям, ки ногуфтан авлотар менамоядам, зеро дар анҷумани гузашта ҳам панҷ сол аз ин муқаддам суханронии Мӯъмин Қаноат ба ҳамин минвол буд. Муҷиби ҳайрат аст, ки дар нашриёти “Адиб” китоби адиби ҷавонеро хонда аз матлаби он мо ҳеҷ пай набурдем ва билохира ба тариқи таҷриба онро ба нашр супоридем, ки шояд танқиди адабӣ саррофӣ

пешина
аз 393
навбатӣ