Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мида, суханашро шарҳ дод ӯ. — Роҳбаре, ки ҳаштоду панҷ фоизи халқ сидқан тарафдори вай аст, аҳён-аҳён дучор мешавад.
— Ба дурустии фоизҳо боварам намондааст, ако, — гуфтам ҳазломез хандида. — Чӣ қадар ҷиноят аз номи халқ...
— Не, дар ин ҷо он фоизҳои ҳисоботӣ не, фоизи байни худамон додар, — гуфт Мулло Боқӣ хандида. — Ман нагуфтам-ку — 99,99!
Ҳамаи ин гуфтугузор маро ба ҷунбиш оварда, дар дили ман оташи иштиёқи шиносоиро фурӯзон мекард.
Аз Бустон то ба колхози “Комсомол” роҳ чандон дур не. Мошин понздаҳ диқиқа роҳ мегардад. Шоссе қадқади канали Дилварзин меравад. Оби софи рӯди Сир дар ҷӯйбори бетонӣ шишавор ҷило дода, ба дашту биёбон ҳаёт мебарад. Ба кадом сӯ назар накунед, кор дар ҷӯш аст. Дар пахтазор духтарон ба сарчини ғӯза машғуланд, ҷавонон каланд дар китф обмонӣ мекунанд. Дар як тараф комбайни силосдаравӣ ҷувории дарозиаш бо қади бом баробарро дарав карда натавониста, ҷавони тракторчиро ҳайрон кардааст. Дар боғҳои замини навобод меваҳо расида, насим аз ҷониби харбузазор бӯи фараҳбахши харбузаҳои ширинро меоварад.

Аз аввал то охир дили маро як андеша пайваста мехарошиду рости гап, ба пурсидан аз ҳамсӯҳбатон ибо мекардам. Дар оғози сӯҳбат Усмони Олим “Маресев баринҳо ҳам ҳастанд”, гӯён Азизовро дар назар дошт. Аммо ӯ нагуфт, ки раисро маҳз барои чӣ ба Маресев монанд кард. Маъйуб бошад? Ё ҳамту, барои иродааш? Аммо ин ҷавонмарди паҳлавонҷусса ҳеҷ як осори маъйубӣ надошт.
Ман ҳамон вақт дар сари гап инро аниқ накарда будам.
Аммо маънии суханони муҳаррир сонитар ба ман равшан шуд...
Аввал каме аз таърих. Колхози “Комсомол” аз рӯзи

пешина
аз 393
навбатӣ