Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
рамоҳон ду моҳ ба пахтачинӣ мерафтем. Аксар то миёнаҳои моҳи декабр дар сармои шадид бе либоси гарм, бе пойпӯши дуруст дар азобу уқубати тоқатфарсо пахта мечидем. Музди корамон ба пули хӯрокамон мерасиду бас…
Бо ин ҳама ман аз он айёми донишҷӯиам мамнунам.
Омӯзишгоҳ, китобхонаи бузургу ба тартибе дошт. Ман сараввал ҳамаи китобҳои тоҷикии онро хонда фуровардам. Чун китоби тоҷикӣ дигар намонд, китобдор, ки зани ҳалиму баҳуше буд, ба ман хондани китобҳои ӯзбекиро пешниҳод кард. Соле, ки омӯзишгоҳро хатм мекардам, дар китобхона дигар китоби ӯзбекии нахондаам ҳам намонда буд ва ман ба забони русӣ хондани китобҳои бадеъро оғоз карда будам…
Дар анҷоми охирин соли таҳсилам дар омӯзишгоҳ қабл аз имтиҳони давлатӣ маро боз як имтиҳони ҷиддӣ
— рӯбарӯшавӣ бо бюрократияи беинсофи он айём пеш омад. Рӯзҳои истироҳати иди май мо чор-панҷ нафар ҳамсабақон ба деҳаҳои худ рафтему дар намоиши 1-Май иштирок накардем. Баъди бозгашт ҳамаи шариконам чун дастовез ба хонаи мудири қисми илмӣ Орифӣ — чор панҷ килогӣ ғӯлунг, мавиз, биринҷ, бурда доданду ман “гӯшам — кар, солам — хар”, гӯён тоқиро нимта монда гаштам. Рӯзи панҷуми май мудир маро ба идорааш даъват намуду истинтоқ сар кард, ки чаро ман дар чунин як маъракаи сиёсиву якдилӣ иштирок накардаам, ин аломати нопойдории маънавӣ пӯла-шӯла... Ҳангоми гуфтугузорам бо мудир дар хона Муллоқандов ном муаллими математика низ ҳузур дошт.
Ман сараввал адаб нигоҳ дошта хомӯш будам, аммо мудир ҳамвора таҳқиру таҳдидашро зиёд мекард. Оқибат ба ночор “кафидам”:
— Чаро шумо ҳеҷ яке аз онҳоеро, ки ҳамроҳи ман ба деҳа рафта буданд, ба ин ҷо даъват накардед. Онҳо ба шумо дастовезе оварданд! Падари яке аз онҳо раиси колхоз, падари дигаре мансабдори район… Падари ман муаллим аст, ба шумо хока биёрам?! — гуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё