Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Орифӣ мизро сахт муште фуроварду бо фарёду фиғон аз ҷо бархест.
— Муаллим, шунидед, ин бача маро таҳқир кард, тӯҳмат кард!.. — вай бо Муллоқандов хитоб дошт. — Баро рав, масъалаи туро педсовет ҳал мекунад…
Ман берун рафтам.
Дар воқеъ ҳам, баъди ду рӯз шӯрои педагогӣ масъалаи мудирро ҳақорат додани маро муҳокима карду директори омӯзишгоҳ Юнусӣ пешниҳод намуд, ки ман сазовори касби муаллимӣ нестам, аз сафи донишҷӯён бояд хориҷ карда шавам.
Дар тасаввур оваред, ки ман чор сол аъло хондаам, суратам дар аввали тахтаи аълочиён аст. Дар пеш фақат имтиҳони давлати мондааст!..
Он муаллимоне, ки дар имтиҳонҳо аз дониши ман мамнун, таҳсинам мекарданд — ҳама хомӯш ва сарафканда буданд… Ёдашон ба хайр, фақат муаллимаи забони русиамон Мария Аванесовна Хамперова ва муаллими адабиётамон Наимӣ оҷизона шафқат талаб карданд.
Аммо аксар барои пешниҳоди директор раъй доданд.
Дар он айём одат чунин буд, ки аз пешниҳоди сарвари идора сар печидан баробари тарки кори он идора буд…
Ана, аз ҳамон айём дар сиришти ман нафрат ба ҳаромхӯрӣ, ноҳақӣ, дурӯғу дағо гӯё махлут гашта бошад, дар ҳар як ҳикояву қиссаам бар алайҳи ин гуна хабисон қалам мекашам, симои манфури онҳоро ба мардум ошкор менамоям.
Баъди хатми омӯзишгоҳи педагогӣ ман худи ҳамон сол ба донишгоҳи педагогии шаҳри Хуҷанд дохил гаштам. Бахши таъриху филологии донишкадаро хатм карда, як-ду сол дар он донишкада дарси адабиёт гуфтам.
Айёми донишҷӯӣ нахустин шеърҳоям дар маҷаллаву рӯзномаҳо интишор гаштанд.
Баъди ба шаҳри Душанбе омадан ба кори адабиёт ва рӯзноманигорӣ ҷиддан машғулӣ кардам.
Шеър менавиштам, мақолаву очеркҳо интишор мекардам, ба китобҳо тақриз менавиштам, тарҷума мекардам, аз ҳеҷ як “кори сиёҳ”-и адабиёт сар намепечидаам.
Дар киностудияи “Тоҷикфилм” матни қариб панҷоҳ филми комили бадеъро ба тоҷикӣ гардондаам.
Лекин он ҳама кӯшишҳои худро ман тайёрӣ ба кори ҷиддии адабӣ меҳисобам. Ҳатто баъди он, ки ҳамчун шоир ба узвияти Иттифоқи Нависандагони СССР қабул шудам, шеърҳоямро дӯстдорони шеър аз бар мехонданд, ман ҷиддан ҳикоянависӣ мекардам. Балки аз ҳамин сабаб вақте ки нахустин ҳикояамро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” интишор кардам, аз мутолааи он хосу ом мамнуният изҳор намуданд. Ҳар як асари каму беш пухта ва бетақлид, агар онро адиб бо хуни дил навишта бошаду дарди ҷонкоҳи мардумро баён карда бошад, ногузир сабаби гуфтугузорҳо хоҳад гашт. Асаре, ки аз арзи вуҷуди худ монанди кӯдаки навзод бо фиғон огоҳӣ намедиҳад хоҳу нохоҳ асари мурда аст.
Аммо ман ҳанӯз ҳам дар сари ин ақидаам, ки агар адиб истеъдоди фитрӣ дорад, ҳамаи шаклу жанрҳои адабиёт барои ӯ ҳамчун василаи изҳори матлаб хидмат хоҳанд кард. Яъне, агар адиб истеъдоде дорад, ҳам шеъраш, ҳам мақолааш асоснок, дилнишин ва шево хоҳад буд…
Ба ҳамин нуктаи истинод такя карда ман дар ин китоб на шеъру ҳикоя, балки мақолаву тақризҳо, мусаҳабаву очеркҳои худро фароҳам кардаам, ки назари маро ба зиндагӣ ва адабиёт ифода мекунад.
Кадоме аз фозилоне давр гуфта аст, ки инсон табиатан ба зӯру нерумандии ҷисмонӣ ҷаҳд менамояд. Аммо ҳеҷ кас накӯкориро машқ намекунад. Ба фикрам, фарзанди инсонро накӯкорӣ бояд омӯхт. Ман дар ҳар як китоби деҳқонии худ ба дилҳо тухми накӯкорӣ мепошам.
Вассалом.
2 декабри соли 1991

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё