Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҲУНАРИ ҶАҲОНБИНӢ ВА
БАШАРШИНОСӢ

Муддате пеш аз ин дар шаҳри Душанбе курсконференсияи адибони ҷавон баргузор буд ва ман ба ин муносибат бо қисме аз навиштаҳои адибони навмашқ ошноӣ доштам, бо баъзе аз онҳо ҳамсӯҳбат будам. Ҳаваскорони адабиёт гоҳ-гоҳ аз пеши худ низ барои маслиҳат ба ман навиштаҳои худро меоранд ва ман ҳам аз рӯи ҳол ва қудрате, ки дорам ба онҳо маслиҳати худро дареғ намедорам. Ҳоло ки як силсила навиштаҳои ҷавононро аз почтаи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар даст дорам, андешаҳои худро доир ба эҷоди ҷавонон мухтасаран баён карданиам.
Аҳли маърифат дар сари ин нукта муттафиқанд, ки ҳунари нависандагӣ низ ба мисли санъатҳои дигар аз эҷодкор якчанд шарти зарурӣ мехоҳад.
Ба гумони ман шарти аввали касби нависандагӣ қобили диди амиқу назари равшан, ҳисси одамшиносӣ доштани инсон аст. Ин сифат агарчи бар асари тарбия нумӯ ёбад ҳам, асосан фитрӣ аст.
...Амаки ман айёми пирӣ ба дуредгарӣ машғул буданд. Боре ман дар ҳузури он кас шоҳиди воқеае будам:
мӯйсафед дар ҳавлӣ ба чӯбтарошӣ машғул буданд, ман рӯи зеркундае нишаста кори он касро мулоҳаза мекардаму аз ину он гапзанон доштам. Аз хона ҳамсари мӯйсафед ҳамроҳи хоҳараш ва пешопеши онҳо писараке берун шуданд. Амакам бо хоҳарарӯс хушбошӣ карданд.
Хоҳар аз дасти писарак гирифта ба вай талқин мекард, ки бо язнааш хайрухуш кунад ва бача нофармонӣ дошт ва чунон ба назар мерасид, ки мӯйсафед ҳам чандон рағбати сухан надорад.
Янгаам хоҳарашро гуселонида омаду ба шавҳар изҳори озурдагӣ кард:

пешина
аз 393
навбатӣ