Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шарти нахуст ва заруртарини ҳунари нависандагӣ аст, зеро аз он замонҳое, ки башар дар гирди гулханҳо қабила-қабила менишасту қисса мегуфт то даврони мо, ки китобҳои адибон милёнҳо нусха интишор меёбад, инсон ба инсон дар ҳақи инсон ҳикоят мекунад. Дар дунё ҳама чиз кӯҳнагӣ мепазирад, вале ҳикоят дар ҳақи инсон ҳамеша инсонҳоро ба рағбат хоҳад овард.
Шарти дигари ҳунари нависандагӣ дониш ва хирад аст. Адиби нодон, аз илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ бехабар осори муҳиме, ки зебою нодир ва ба инсон раҳнамо бошад, иншо кардан наметавонад. Ҳамаи адибони оламшумул донишмандтарин мардони даврони худ буданд. То ҳол аз ҳеҷ касе гӯшам нашунидааст, ки адиби каммутолиае асари шоиста ва хонданӣ офарида бошад.
Пешиниён бар асари таҷриба гуфтаанд, ки одамӣ баробари қатъ кардани мутолаа фикри андешарониро қатъ мекунад.
Ҳар касе ки ҷиддан ба адабиёт даст задан мехоҳад, пеш аз ҳама мебояд адабиётеро, ки башар дар тӯли асрҳо офаридааст, бидонад, яъне, аз пораҳои “Авесто” ва “Маҳабҳарата” то осори Чингиз Айтматов ва Габриэл Маркес — аз ҳама воқиф бошад, чунон ки мегӯянд гӯшт-ро ба гӯшт, устухонро ба устухон бояд ҷудо кардан тавонад.
Баъди омӯхтани адабиёти бадеъ ҳар як инсон худ эҳсос мекунад, ки донистани баъзе аз илмҳои дунёвӣ барои адиб зарур аст. Дарвоқеъ, чи тавр мешавад, ки адиб аз илми наботот ва ҳайвонот, мантиқ ва зебошиносӣ, психология, астрономия ва ғайра сирф бехабар бошад.
Солҳост, ки мушоҳида мекунам, ҷавононе, ки баъди мутолааи расо ба кори адабиёт даст задаанд, дар ин ҷода зуд мақому манзалати худро меёбанд ва баръакс, ононе, ки аз рӯи ҳавас ба ин шуғл даст задаанду заҳмати омӯхтанро тан намегиранд, солҳои дароз ҳамчун адиби ҷавон гирди ин қалъаи устувор чарх мезананду рахна меҷӯянд. Баъзе касон яқин доранд, ки монанди ҳар як

пешина
аз 393
навбатӣ