Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мегирад, ки... Накушта монед, ширашро дода гардад, бечора шукр мекунад.
— Модаговро ба гӯшт супорем гӯянд, гириста монеъ шудаанд, — гуфт Назаров хандида.
Ҳозирон — ҳама хандиданд. Аммо ман хандидан натавонистам.
Сӯҳбати ман бо Қӯзигул-апа Халилова аз боби хислатҳои нозуки молҳо, ҳиссу идрок, хотира ва миҷози онҳо хеле даргир шуд. Ман баъди ин гуфтугузор эътиқоди кулл ҳосил кардам, ки ӯ илми молдориро ба тарзи худ, аз рӯи таҷрибаи худ, мушоҳада ва муоинаи аҷдодон, падару модар ва дигар наздикони муқаддами худ медонад.
— Мол бояд аз ёбон ҳам алаф хурад, — мегуфт вай абрувонашро чин карда андешаманд.
Ман дар ҷавоб аз осонии кор дар фермаҳои комплекс андешаҳои худро изҳор мекардам, аммо вай ин маъниро боз такрор мегуфт:
— Дуруст, ба комплекс чи расад... Аммо агар аз ёбон ҳам каме алаф хурад, нағз-дия.
Маро ин ҳукми говдӯше, ки дилсӯзи мол аст, муддатҳо оромиш намедод. Барои исботи ин гуфтаҳои ӯ санади илмӣ ва бурҳони шомил меҷустам. Ин ҷустуҷӯю такопӯям сабаб гашту ман китобу мақолаҳои олимон ва мутахассисони соҳаи чорводориро ба таҳқиқ мутолаа кардам. Оқибат аз маърифати як мақолаи директори ВАСХНИЛ, академик В.А.Тихонов тасдиқи суханони Қӯзигул-апаро дарёфтам. Олими маъруфи советӣ навишта буд, ки даҳҳо километр роҳе, ки мол дар чарогоҳ қадам зада мегузарад, алафҳои ночизе, ки аз рӯи рағбати иштиҳо ва майлу хоҳиши худ дандон мезанад, аз афти кор, ҳаргиз аз манфиат орӣ нестанд. Чарогоҳ умри молро дароз, онро ҷисман солим ва аёми маҳсули онро тӯлонӣ карданашро олимон собит кардаанд. Маълум шуд, ки дар ин боб ба амри табиат бо эҳтиёт мудохала кардани Қӯзигул-апа бесабаб набудаст.
Аммо саросемакорию шитобкории баъзе аз мутахассисон, ки “чарогоҳ дигар даркор нест” гӯён

пешина
аз 393
навбатӣ