Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ро ба кор бурда бошад. Ҳайрон нашавед, ин касон агар мураббию муаллими варзиш нашаванд, ягон кори бедардимиён меёбанд ва аксар аз авбошию мардумозорӣ рӯ наметобанд.
— Ба ягон донишгоҳи олӣ дохил шудан ният надорӣ, Насриддин? — бо вуҷуди ин, савол мекунам аз вай. Мақсадашро донистан мехоҳам.
— Дохил кардан метавонӣ, муаллим? — савол мекунад вай ҳам.
Чӣ гӯям ман ба вай? Дарвоқеъ ҳам, агар “одам” надоред, (“одам” дар ин мавзӯъ ба маънии “ҳомӣ”, “пуштибон” аст) ҳоло ба донишгоҳ дохил гаштан сахт гумон аст ва ин ҳақиқатро ҳама медонанд, фақат раҳбарон дар сухан бовар намекунанд. Ба гумони онҳо инкор кардани ҳақиқат аломати эътимодбахшии сиёсии коммунист аст. Аммо ҳамаи ин коммунистони соҳибмансаб фарзандони худро ба тавассути “телефон” ба донишгоҳҳои олӣ дохил мекунанд.
— Ман вазир нестам, ректор ё устоди донишгоҳ ҳам нестам, — мегӯям ба Насриддин хиҷолатомез гӯё дар ин ошнобозиҳо ман ҳам гунаҳгор бошам.
— Ана, тағои ин, — Насриддин ба як ҷавонаки қадпасти сурхмӯй ишора мекунад, — вазир набошад ҳам, ҳар сол дута-сета хешонаша дар донишгоҳ дохил мекунад.
— Тағоиаш чикора аст?
Ин савол аз забони ман берун наомада ду-се тан баробар ҷавоб мегӯянд:
— Пракурор аст!..
Маълум мешавад, ки пракурор дар ин атроф касби аз ҳама мӯътабар аст.
— Ду ҳазор сӯм катӣ додои маро аз ҳабс халос кард!
— Бо ифтихор шаҳодат дод як тан бачаяки лоғарандоми сияҳҷурда. Мафтунии вай аз кори тағои ҷӯраашпракурор аён буд.
Ман таноби суханро боз ба сари таҳсили Насриддин мебарам:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо