Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
— Ана, ин Орифино иморат доранд... — гуфт бачае, ки лақабаш Занҷабил буд, ҷониби шарикаш — ҷавонаки нав ча ишора карда. — Таҳхонаи бетонӣ месозанд...
— Хуб, барои чи шағали роҳро мегиред?
Ҳамагӣ лаҳзае ҳайрон ба рӯи ман нигариста мазмун гирифтанд.
— Шағал нест, аз куҷо бигирем? — пурсид оқибат бачае, ки Ориф гуфта ном гирифта буданд. — Дар ин атроф шағал нест.
— Ҳамин шағалро аз куҷо оварданд?
— Э-э, ин шағалро мошинҳои самосвал аз шаҳр меоранд. Камаш — 25-30 километр!
Ман норозиёна, ба нишони таассуф сар ҷунбонидаму ба роҳи худ рафтам, аммо ин кори бачаҳо қарорамро бурд. “Наход ки мо ба ин хел корҳо одат карда бошем? — мегуфтам ба дил. — Аз куҷо ин гуна беэътиноӣ ба молу мулки ғайр? Чаро фарзандони мардуме, ки аз қадим хас барин моли касро ба худ ҳаром медонистанд, ҳоло дуздиро кори маъмул меҳисобанд, ҳеҷ хиҷолат намекашанд. Охир, чил-панҷоҳ сол пештар аз ин падару бобоёни ин бачаҳо куфл гуфтани чизро намедонистаанд! Чи шуд, кай аз мо хатое рафт? Чаро он хаторо пай набурдем? Наход ки тартиботи нодурусти давлатдорӣ моро ба ин кӯй афканда бошад? Бале, маҳз тартиботи сосиалистӣ моро ба ин ҳол афканд.” Албатта, ба ин саволҳо ҷавоб додани демагог осон аст, лаҳзае тааммул накарда, наандешида хурофоти худро мехонад. Аммо ҳар як инсони каму беш борикандеш аз ин хусус ногузир дар банди фикр дармонданаш як амри табиӣ аст.
Имрӯз пиру ҷавони деҳот нек медонад, ки чаро дар чунин сарзамине, ки ҳар гектари заминаш дар нисбати замини Сибир ё Белорус шаш-ҳафт бор бештар маҳсул медиҳад, умр ба сар баранд ҳам, дар нисбати мардумони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо