Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Аксарашон аз моли дуздӣ ҳазар мекунанд. Ин хел кас шарики дузд ҳисоб меравад, аз рӯи қонун...
— Сементу шағалро шаҳриҳо аз куҷо мегиранд? Аз куҷо самосвал мегиранд? Шағалро чи хел ба мошин бор мекунанд? — ҳамагон ба ман ҳамлавар гаштанд.
— Шаҳриҳо моҳонаи калон мегиранд. Агар додои ман ҳам моҳе ҳазор сӯм мегирифт, сад сӯмашро ба ягон ронанда медод ё ба давлат мегузаронду чор мошин шағал мегирифт, — гуфт маҳмаддонои ин гурӯҳ Одина.
Баъди ин сухан ман лаҳзае ғарқи андеша гаштаму сипас пурсидам:
— Ба ман нигар, додот чанд пул моҳона дорад?
— Аз шаст-ҳафтод сум зиёд намегирад, — гуфт Одина рӯ турш карда.
— Додои ту чанд сӯм мегирад? — Ба Насриддин рӯ овардам. — Заводи консерв зиёдтар пул медодагист?
— Хока! Саду понздаҳ сӯм мегирад.
— Ана, шаҳриҳо ҳам баробари додои ту маош мегиранд. Хуб, бигӯ, ки очаат ҳам кор мекунад? — боз мепурсам аз вай, агарчи нек медонам, ки модари ҳашт нафар фарзандони хурдсол ҳеҷ илоҷи дар колхоз кор кардан надорад. Умеди хонавода — ду писари калони ки ҳоло дар хизмати ҳарбианд, духтари калониашон шавҳар карда аз ин деҳа рафтааст, Насриддин ва ҳафт тан додаракону ҳоҳараконаш дастёранд.
Агар аз ваҷҳи пул сухан ояд, Насриддин доим сухани ҳикматомези падарашро такрор мекунад:
— Пул ҳар қадар кам бошад ҳам, мерасад ва агар бештар бошад, зиёдатӣ намекунад, харҷ мешавад.
Вазъи хонадони қариб ҳамаи ин бачагон якранг аст.
Ин қадар тафовут доранд, ки бародарони баъзе ба кор сар карда ба падару модар кӯмакашон мерасад.
Дар байни шиносони ман бачагоне, ки падарашон касбу кори “нағз” доранд — дар дӯкон ё “база”-ҳо

пешина
аз 393
навбатӣ