Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман бахше аз номаҳои дар ин мавзӯъ ба нишони телевизион омадаро мутолаа кардаму аз саргузашти баъзе ҳайрон гаштам.
Духтараке (аз ноҳияи Файзобод) 17-сола дар беморхона ба доми ронандае афтоду ба хонаи вай рафт... Бе қайди никоҳ зан шуд. Баъд он шофирбача ӯро биронду аз паи духтари дигар шуд. Зани ҷавон ҳанӯз ҳам бо писараш чашмдор аст, шавҳараш ба назди ӯ боз меояд. Ҷавон баъди вай, духтари дигареро ба домаш фуровардааст, баъд духтари сеюмеро... Аҳли ҷамъият идораҳои дахлдор... ба фосиқи ноинсоф чи ҳам мегуфтанд! Ӯро бо милиса пешандоз карда ба хонаи занҳояш бурда нашавад...
Дигаре (аз Орҷоникидзеобод) бе қайди никоҳ зани ҷавони дилхоҳаш шуд. Акнун, бе қайди никоҳ ҳақи алиментталабӣ надорад. Ӯ ҳам шикоят дорад, ки ӯро фирефтанд.
Хоҳарони азиз! Шумо мактаб хондаед, китобу рӯзнома хонда, аз барномаҳои радиову телевизион огоҳед. Аммо рафтору кирдоратон ҳар як шахсро малул мекунад. Аввало, ба ҳар як ҷавони раҳгузар дил дода, ҳаёти худро шикастан беандешагист. Сониян, бе қайди никоҳ дар мамлакати мо заношӯии қонунӣ нест. Наход ки шумо қоидаю қонуни оддии зиндагиро надонед? Бе ақди никоҳ ҳамхобагӣ фаҳш аст, фоҳишагӣ аст, беномусист.
Савол: Ҷавонон ва духтарони ҳамоғӯшро дар сари роҳҳо, боғу гулгаштҳо шумо ҳам дучор кардаед. Аз ин хусус фикратон чист?
Ҷавоб: Ин тоифа ҷавонону духтарони бешарм, беномус фақат нафрати одамонро ба ишқу муҳаббат боло мекунанду бас. Ман ба ҷониби ин тоифа наменигарам.
Аз духтари бадахлоқ нафратам меояд. Албатта, дар ҷамъият занону духтарони сабукпо ҳамеша будаанд ва минбаъд ҳам хоҳанд буд.

пешина
аз 393
навбатӣ