Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гул неъматест ҳадя фиристода аз биҳишт.
Мардум каримтар шаванд андар наими гул.
Эй гулфурӯш, гул чи фурӯшӣ ба симу зар?
Аз гул азизтар чӣ ситонӣ ба симу гул?

Нуқтаи дигаре, ки гуфтанаш воҷиб менамояд, дар ҳама ҷо эҳсоси дурустию ростӣ ва аз аҳли инсофу виҷдон будани мардумони ин кишвари озода аст. Аз ҳамин аст, ки буфети ошхонаҳои Иттифоқи адибон ва Иттифоқи журналистонро шабу рӯз пуродам медидам. Аҳли қалам баъди кори рӯзона барои сохтани хӯроки шом дар хонаҳои худ вақт сарф накарда, дар ин ҷо хӯрок мехӯрданд, бо ҳамқаламон мулоқот доштанд, истироҳат мекарданд.
Агар хӯрданиву ошомидании ошхонаҳои мо бемакру фиреб мебуд, бешак мо ҳам чунин имкон пайдо мекардем, бо якдигарӣ қаринтар мебудем.
Ҳар адиби тоҷик дар Булғористон меҳмони адиби шинохтаи ин сарзамин Йордан Милев хоҳад буд.
Йордан Милев борҳо Тоҷикистонро сафар кардааст, аз аҷоиботи сафараш китобе низ эҷод кардаст, ки он ба забони тоҷикӣ низ интишор ёфта. Ҳамсари хушгилу пурназокати ӯ хонум Йордана низ меҳмони диёри мо буда ва аз ин сафари худ хотироти рӯҳпарваре дорад.
Балки бар асари чунин дилбастагиҳо зану шавҳар иморати бӯстонсарои худро берун аз шаҳри София қисман ба тарзи меъмории шарқиён бино кардаанд: чаҳор гӯшаи боми онро чаҳор манорача зинат афзуда, яке аз дарвозаҳои он дарвозаи қалъаи қадими Ҳисорро мемонад.
Йордан Милев аз тарғиботгарони мумтози адабиёти форсу тоҷик аст. Рубоиёти Хайём дар тарҷумаи ӯ то ба имрӯз дар Булғористон якчанд бор ба нашр расидааст.
Тарҷума ва нашри “Гулистон”-и Саъдӣ низ аз хидматҳои камназири ин адиби пуркор аст. Ба сабаби ин хидмати худ ӯ дар соли 1985 дар шаҳри Шероз дар ҷашни 800- солагии “Гулистон” -и безавол ширкат карда буд. Тарҷума ва нашри китоби ашъори Ҳофиз, китоби ашъори мунтахаби “Шуарои асрҳои миёнаи Машриқзамин” аз хид

пешина
аз 393
навбатӣ