Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
қариб тамоми матни китоб ба ҳамин минвол кӯрсаводона аст.
Ин гуна матнҳо ҷаҳонбинӣ ва завқи кӯдаконро заррае инкишоф намедиҳанд, дили онҳоро ба хурӯш намеоваранд. Чаро ин ҳол рӯй додааст, медонед? Дар китоби “Забони тоҷикӣ”-и синфи сеюм фақат 16 пора матн аз эҷоди адибон аст. (Ҳашт порча аз Айнӣ, ду пора аз Ҳаким Карим, як порагӣ аз Улуғзода, Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Деҳотӣ, Ниёзӣ ва Толис.) Ин порчаҳои адибон ҳам намунаи забони адабиёти имрӯзи мо не, балки ба осори адабии то солҳои панҷоҳум мансуб аст. Наход ки муаллифони китоб тағйиротеро, ки баъди солҳои панҷоҳум то имрӯз дар забону адабиёти тоҷик ба вуқӯъ пайваст, мушоҳида накарда бошанд?!
Ба ҳамин минвол, агар ин шонздаҳ порчаро истино кунем, боқӣ як китоб матн аз рӯзномаҳо ва ё бофтаи мураттиби китоб аст. Яъне, метавон хулоса бардошт, ки бачагони мо забони тоҷикиро аз адибони нуктадон, бониёну эҷодкорони забони фасеҳи мо не, балки аз рӯзноманигорон меомӯзанд. Ба фикрам, аз ин аст, ки тамомкардагони мактабҳои тоҷикӣ саводи кофӣ надоранд, бо ҷумлаҳои қолибзада, хушку берӯҳ иншо менависанд, сухан мекунанд, фикри худро саҳеҳ ифода карда наметавонанд.
Дарвоқеъ, баён ва имлои шогирдони мактабҳои мо иморатеро мемонад, ки аз деворҳои қолибрези сементӣ месозанд. Дар онҳо баёни афкори худӣ, рӯҳу эҳсоси инсони мушаххасро камтар мебинед.
Чун бо диққат мулоҳиза кунем, мебинем, ки китобҳои дарсӣ аз боби луғати забони тоҷикӣ фақиртарин интишори айёми моанд. Агар гӯям, ки ними луғати фаъолу пуристеъмоли забонамонро дар саҳифаҳои ин китобҳо дучор намекунем, ҳаргиз муболиға нахоҳад буд.
Мураттибон ва муҳаррирон баъзан “инро бача намефаҳмад” гӯён аз донистани оддитарин калимоти забон кӯдаконро маҳрум кардаанд. Дар ҳайратам, ки бачаҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё